Ҷаҳони Тоҷикон

овард; онҳо бо вай муттаҳид шуданд ва ӯ ҳамроҳи онҳо бар зидди Илекхон (Қарохониён- М.А.) рафтанд».
Аммо норасоии ин «садоқат»-и пешвоёни салҷуқӣ, ки дар васвасаи ғаниматҳои бузурги низомӣ ва фидяи эҳтимолии саркардагони асирони ҳарбӣ ифода ёфтааст, яке аз омилҳои шикасти амир Исмоили II буд. Тақсимоти давлати Сомониён дар байни Қарахониён (Варорӯд) ва Ғазнавиён (Хуросон), ки қишри салтанатдошта дар ҳардуяшон, асосан, аз қабилаҳои қарлуқ иборат буд, дар навбати худ барои салҷуқиён дурнамои номуайян ба вуҷуд овард, зеро онҳо ниҳоят хоҷагони тавонои худ (Сомониён)-ро аз даст доданд.
То даврони тағйир ёфтани қудрати олӣ дар Варорӯд, қабилаҳои салҷуқӣ аз марзи Ҷанд ба пойтахти Бухоро наздиктар ва дар наздикии кӯҳҳои Нурато ҷойгир шуданд. Бешубҳа, ҳузури бодиянишинони ноором дар наздикии шаҳри калидии Қарахониён, ки метавонист фавран ба артиши савораи зудамал табдил ёбад, ба нақшаи амирони Қарахонӣ дар Бухоро мувофиқат карда наметавонист. Тағйироти қудрат, инчунин, боиси аз Ҳафтрӯд ва ҳавзаи Тарим ба Вароруд кӯч бастани қабила ва халқиятҳои бодиянишин, ки масъалаи таъмин намудани онҳо, аз ҷумла, бо чарогоҳҳоро, ки дар замони Сомониёни бумӣ бомуваффақият ҳалли худро ёфтааст, боз ҳам душвор гардонд.
Аммо, дар байни мутахассисон вақти дақиқи кӯчонида омадани қабилаҳои салҷуқӣ ба наздикии Бухоро, пеш аз ба тахт нишастани Қарахониён ё пас аз бозгашти онҳо аз хизмат дар ҳузури ҳокими олӣ Боғрахони Қарахонӣ дар Ҳафтрӯд (ё Қошғар) ҳамфикрӣ мавҷуд нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор