Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ин вақт, салҷуқиён ду гурӯҳи мустақилро ташкил доданд - гурӯҳи аввал бо роҳбарии писари калонии Салҷуқ- Исроил, ки унвони «байғу-арслон»-ро дошт, ки як замонҳо ба кӯмаки амирони Сомониён омада буд, ки баъдтар дар наздикии кӯҳҳои Нурато (назди Бухоро) ҷойгузин шуд. Гурӯҳи дувум бо роҳбарии бародарон - Мӯсо, Довуд (Ҷағрибек) ва Муҳаммад (Туғралбек), пас аз чандин муҳоҷирати худ боз ба Ҷанд баргаштанд.
Дере нагузашта, пешвои гуруҳи аввали салҷуқиён Исроил, як иттифоқчии ҳокими Қарахониёни Бухоро, қурбони ҳамлаи Маҳмуд Ғазнавӣ дар Варорӯд шуд (с. 1025), ки султон ба он ҷо бо дархости Қарахони Бузург Қодирхон Юсуф алайҳи амири саркаши маҳаллӣ (бухорӣ) Алптегин юриш карда буд. Султон Маҳмуд, пас аз фирори Алп-тегин аз Бухоро, иттифоқчии ӯ Исроилро ба асирӣ гирифт ва ба Ғазна, сипас ба Ҳиндустон фиристод, ки ӯ дар асорат даргузашт. Маҳрум гардидан аз пешво, бешубҳа, ба пароканда шудани қабилаҳои салҷуқӣ ба қисмҳои хурд оварда расонд. Яке аз ин гурӯҳҳои салҷуқиён, ки аз 4 000 оила иборат буд, ба султон Маҳмуд муроҷиат карда, бар ивази пардохти андозҳо ва иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ барояшон дар Хуросон манзил ва чарогоҳ дархост намуданд. Султон, сарфи назар аз норозигии ҳокими худ, амр дод, ки онҳо тавассути Амударё интиқол дода шуда, ба Сараҳс, Абиверд ва Фарава кӯчонида шаванд. Пешвоёни онҳо Яғмур, Бука, Қизил ва Кӯктош ва дигар қабилаҳои парокандашудаи Исроил, бинобар даъво ва зулми хешовандони Туғралбек ва бародаронаш ба Хуросон рафтанд ва ё ба артиши султон пайвастанд ва ё ба ҳокимони ғазнавӣ дар манзилҳои нав мушкилотҳо эҷод мекарданд, ки дар натиҷа аз хешовандони худ дар Варорӯд дур афтоданд.

пешина
аз 335
навбатӣ