Ҷаҳони Тоҷикон

мусулмон баромад карда, бо хешовандони худ рақобат доштанд. Аз ин рӯ, оғузҳои Сирдарё ба анъанаҳои қассосгирии даштӣ содиқ монда, баъди 80 сол барои шикасти пешинаашон аз онҳо бераҳмона интиқом гирифтанд.
Дар Хуросон, ки дар масофаи андаке дуртар аз марказҳои сиёсии Варорӯд ва Хуросон (Бухоро ва Ғазна) ҷойгир буд, марҳилаи нави ҳукмронии пешвоёни Салҷуқиён оғоз меёбад, ки онҳо дар кӯчи бузурги худ, дигар қабилаҳои бодиянишинии туркҳо (қипчоқҳо ва ғ.)-ро бо худ гирифтаанд ва дар ин ҷо, бо қабилаҳои оғузҳое, ки даҳ сол қабл султон Маҳмуд аз наздикии Бухоро кӯчонида буд, муттаҳид шуданд.
Тибқи иттилои В. В. Бартолд: «Вақте ки наберагони Салҷуқ дар соли 1035 ба султон Масъуд, писари Маҳмуд, бо дархости гузашти вилоятҳои Нисо ва Фарава ба онҳо муроҷиат намуда, бар ивазаш ваъда доданд, ки аз самти Балхан, Деҳистон, ҳудудҳои Хоразм ва соҳилҳои Амударё ба исёнгарон имкони воридшавӣ намедиҳанд ва туркманҳои ироқӣ ва хоразмиро меронанд». Дар ин ҷо оғози даъвоҳои пешвоёни Салҷуқиён, ки дар даврони давлати мутамаркази Сомониён вориди ҷаҳони ислом шуда, орзуи барқарор кардани чунин як давлати абарқудратро пайгирӣ карданд ва пас аз рафтани ҳомиёни содиқи худ (Сомониён), аз сиёсати маҷбурии каловидан дар байни қудратҳо даст кашида, ба бунёди ҳокимияти олии худ натанҳо бар тамоми қабилаҳои оғуз (туркман), балки инчунин дар қаламравҳои васеъ бо аҳолии бумӣ ба мушоҳида мерасад.
Аз ин рӯ, мо босуръат пеш рафтани пешвоёни Салҷуқиёнро дар саҳнаи ҳарбиву сиёсии Хуросон ва Эрон (аз ҷумла Ироқ) бо заиф шудани Ғазнавиён ва идомаи низои дохилӣ дар Варорӯд мушоҳида менамоем: вуруди Туғралбек ба Нишопур (с. 1037-1038) ва худро чун султони Хуросон эълон намудан ва таъин шудани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор