Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Чағрибек ва Мӯсо аз тарафи ӯ ба ҳайси ҳокимони Сараҳс ва Марв; ташкили дастгоҳи бюрократӣ бо сарварии вазирон (монанди Сомониён); фиристодани сафир ба халифаи аббосии Қоим, ки аз қудрати Оли Бӯйяи шиамазҳаб нороҳат буд (1038). Инчунин шикасти шадиди султон Масъуди Ғазнавӣ дар муҳорибаи Дандонакон ва фавран дар майдони ҷанг ба тахти Хуросон нишастани Туғралбек (1040); юришҳои ҳарбӣ дар ғарб ва шарқ ва паҳн шудани қудрат аз Балх то ба Ироқ (1040-1060); шикасти душманони пурқуввати онҳо - оғузҳои Сирдарё бо роҳбарии Шоҳмалик Боронӣ дар Кят (Хоразм) дар иттифоқ бо қипчоқҳо (1042-1043); вуруди Туғралбек ба Бағдод ва гирифтани унвони «ҳокими шарқу ғарб» аз халифа (1055); саркӯб кардани исёни пурқудрати дукаратаи як фармондеҳи қавии салҷуқиён Иброҳим Инал (1050,1059) шаҳодати ин даъвоянд.
Муҳаққиқон муҳорибаи Дандонаконро, ки дар майдони он давлати Салҷуқиён ба миён омадааст, муфассалтар тасвир мекунанд: «Масъуд ба майдони ҷанг бо фили азим ва бо 50 000 аскарони пиёдаи мусаллаҳ бо яроқи вазнин ворид шуд. Салҷуқиён борҳои худро дар роҳи ду рӯза гузошта, ҳамагӣ бо 16 000 савораи сабуки мусаллаҳ (аммо зудамал) омаданд. Лашкари Султон шикаст хӯрд, Масъуд ва ҳамроҳонаш тахтеро, ки ҳамроҳи худ ҳама ҷо мебурд, дар майдони ҷанг партофта, шитобкорона ба Ҳиндустон фирор карданд. Пешвои ғолибон Туғралбек дар ин тахт нишаста, худро амири тамоми Хуросон эълон кард» .
Шоёни диққат аст, ки дар соли 1035 ҳангоми ба сарварони Салҷуқиён барои соҳибии чарогоҳҳо дар қаламрави нави Хуросон (Нисо ва Фарава) иҷозатнома додан, султони Ғазнавиён Масъуд ба онҳо унвонҳои сомонии «деҳқон» («соҳибони калони замин») низ дода буд. Ин «деҳқонон», вақте ки андаке қавитар шуданд, ба худ

пешина
аз 335
навбатӣ