Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

унвонҳои қадимии тоҷикон «шоҳаншоҳ»-ро гирифтанд, онро баъдтар ба тариқи сомониён – ғазнавиён бо унвони «султон» иваз карда, унвонҳои пешини подшоҳии худ «малик» (арабӣ) ва «шоҳ»
(тоҷикӣ)-ро ба зердастони худ медоданд.
Тақлиди минбаъдаи онҳоро ба суннатҳои Сомониён дар фаъолияти дарозмуддати (30-солаи) арбоби барҷастаи давлатӣ Низомулмулк («Низоми давлат») дар давлати бузурги Салҷуқиён, ки вазири бузурги ду султони маъруф – Алп-Арслон (с.1063-1072) ва Маликшоҳ (с. 1072-1092) буд, бараъло мушоҳида мегардад.
Хизмати асосии ин вазири барҷаста бо тафаккури давлатӣ на танҳо дар он аст, ки забони тоҷикӣ дар ин давлат ҳамчун забони расмӣ боқӣ монд ва бюрократияи мутамарказ (девонҳои давлатӣ) бо сардории вазири бузург барқарор карда шуд ё ҳукмронии мазҳаби ҳанафии ислом идома ёфта, «синтези тоҷикӣ-туркӣ» идома ёфт.
Муҳимтар аз ҳама, вазири бузург бевосита дар як кишвари азим бо расмиятчигии мутамаркази шаҳрвандӣ дар устувории нисбӣ дар давоми сеяки аср ҳукмронӣ мекард. Яке аз омилҳои ҳалкунандаи ба низом даровардани корҳои давлатии азим ва сермиллати салҷуқӣ татбиқи бомуваффақияти як мулоҳиза буд, ки онро, баъди зиёда аз 100 сол Элюй Чутсай (мушовири машҳури Чингизхон) таҳия карда буд: «Ба асп нишаста кишварро забт кардан мумкин, аммо болои асп нишаста онро идора карда ғайриимкон». Аз ин рӯ, пас аз забти кишварҳои гуногун дар таркиби як давлати абарқудрат (аз Шарқи Наздик то ба сарҳади Шарқи Дур), расмиятчигии тоҷикон бо сардории ин арбоби нобиға, вориси корҳои вазирони бузурги Аббосиёну Сомониён Бармакиёну- Балъамиён, то корҳои воқеии ҳамарӯзаро ба низом дароварда, назорати худро ба ҳамаи соҳаи фаъолияти мардум устувор намуданд.
Низомулмулк, тибқи ривояти Ибни Асир, рисолати таърихии худро барои ба тартиб даровардан ва таъмини империяи васеи

пешина
аз 335
навбатӣ