Ҷаҳони Тоҷикон

устувории нисбии давлати Салҷуқиён мусоидат намуд. Дар айни замон, вазири бузург хотиррасон кард, ки иқтадор метавонад аз сокинон маблағи муайян ситонад, лекин нисбат ба шахсият, моликият, оила (занҳо ва фарзандон)-и андозсупоранда ягон ҳуқуқ надорад.
Албатта, на ҳама анъанаҳои Сомониён дар низоми давлатии Салҷуқиён, сарфи назар аз саъйи кӯшиши чунин як вазири олирутба, вобаста тафаккури миллӣ ва тарзи зиндагии қабилаҳои туркӣ, татбиқ карда шуданд. Тафовути асосӣ дар он буд, ки тоҷикон қудрати олии мутлақ (шоҳаншоҳ, амир, султон)-ро ҳокими ягонаи давлат мешуморанд, кӯчманчиёни турк (ё муғул) ҳокимияти олиро моли тамоми хонадони (ё авлоди) хон мешуморанд.
Амирони салҷуқӣ, ки нисбат ба тобеони худ (ва артиш) муносибати нисбатан нарм доштанд, ба хизмати мансаби «соҳибҳароса» («сардори горд») ниёз надоштанд, амир Алп-Арслон, инчунин, пешниҳоди Низомулмулкро дар бораи ҷорӣ кардани мансаби «соҳиб -хабара» («низоми ҷосусӣ») рад кард, чунки ба ин султони ҷанговар ва саховатманд ин пешниҳод писанд наомад.
Ҷорӣ кардани низоми иқта бошад, ба коҳиш ёфтани мавқеи мансаби «вакил», ки оиди заминҳои давлатӣ ғамхорӣ мекард, оварда расонид.
Анъанаи сарпарастии Сомониён ба «аҳли қалам»-ро ин вазири бузург низ бо тағйироти ҷиддӣ ҷорӣ кардааст, зеро акнун макони ҷамъшавии онҳо ва мубодилаи афкор на дарбори султон (султонҳо ба юришҳои ҳарбӣ машғул буданд), балки муассисаҳои махсуси таълимӣ - «мадраса» (нахустин бор дар Варорӯд пайдо шуда буд) гардид. Шабакаи ин мадрасаҳо бо номи илҳомбахш ва созандаи он (Низомулмулк) дар тамоми ҷаҳон бо номи «Низомия» машҳур шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор