Ҷаҳони Тоҷикон

бераҳмонаи нобиғаҳои бузурги «эҳёи исломӣ (тоҷикӣ)» як аслиҳаи пурқуввати ғоявию идеологӣ ба дасти суннатгароеҳо дод, ки онҳо суннатҳои динӣ ва догма (шариат)-ро аз таҳқиқоти мулоҳизакоронаи инсонӣ (ақлонӣ) дар ҷаҳони ислом боло мегузоштанд.
Ба шарофати фаъолияти шабакаи мадрасаҳои Низомия ва, алалхусус, роҳбар ва устоди барҷастаи он Абуҳомиди Ғаззолӣ, ки дар паси ӯ вазири тавонои салҷуқиён меистод, тасаввуф ба маркази хилофат ворид шуд. Ин равияи ғайримуқаррарӣ дар ислом, ки дар Арабистон пайдо шуда, аммо дар Варорӯд ва Хуросон равнақ ёфтааст, қонунӣ будани илоҳиёти худро дар ин ҷо дарёфт кардааст.
Мутаассифона, ба шарофати ду намояндаи машҳури он давра аз Хуросон (Низомулмулк ва Ғаззолӣ), ки дар маркази салтанат (Исфаҳон) ва хилофат (Бағдод) фаъолият мекарданд, он парвози баланди тафаккури тоҷикии мутафаккирони даврони гузашта (аксаран, даврони Сомониён) мавриди интиқоди сахт ва тамасхур қарор гирифт. Акнун ҳар як зуҳури озодандешона ва муносибати мулоҳизакорона ба ҳалли мушкилоти рӯзмарра мояи тамасхур ва ҳатто таъқибот гашт. Барои вазири бузург идеали олӣ на фикри озодандешонаи табааи давлати азим, ки пояҳои устувори ҷомеаро ба ларза меорад, балки «эҳтироми зоҳирӣ ба қонунҳои мусулмонӣ ва ғайриҳаётӣ, инчунин ҳамбастагии ҷомеа буд, ки аз тарафи рӯҳониён ва имомон муайян ва ба танзим дароварда мешуд».
Зердасти вазири бузург диншинос Ғаззолӣ, муаллифи асарҳои зиёде, ки дар онҳо олимони озодандешро зери танқид мегирифт, «исбот мекард, ки илм худаш мулоҳизакор (ратсионализм)-ро парварида, ба нобоварӣ (скептитсизм) ва атеизм (инкори офаридгор) оварда мерасонад. Барои ҳадафҳои аслии башарият на ақлу идрок, на мантиқ муҳим нестанд ва ҳама пажӯҳишҳои илмӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор