Ҷаҳони Тоҷикон

фалсафӣ ва худи ғояи ҷомеа, ки ҷустуҷӯи дониши нав аст– барои Ғаззолӣ иштибоҳи холӣ буд».
Фаъолияти дарозмуддати омӯзгории Ғаззолӣ таҳти сарпарастии вазири бузурги Салҷуқиён, ба ақидаи коршиносон, ба парвози баланди минбаъдаи афкори «аҳли қалам» зарбаи сахте зада, дар айни замон, фаъол гаштани «аҳли салла», «аз ҷумла, он гурӯҳе, ки рушди ҷаҳони ботинии рӯҳониро, тамаркуз ба ҳаёти ботинӣ, на ба зоҳирӣ, гӯшанишинӣ (аскетизм), бепарвоӣ ба ташвишҳои ҳаёти заминӣ, иртиботи мустақими байни ҳар як имондор ва Худо»-ро таблиғ мекард, боис гардид».
Бешубҳа, Ғаззолӣ ягона намояндаи «аҳли қалам» набуд, ки тибқи анъанаҳои Бармакиёну Сомониён сарпарастии қудрати олиро дошта, ба наслҳои баъдии ҳокимони равшанфикр ё вазирони бузурги онҳо чун мерос мондааст. Баръакси шаккокии Абуҳомиди Ғаззолӣ риёзидони барҷаста ва шоири бузурги зиндадил Умари Хайём (с. 1048-1131) низ сарпарастии вазири бузургро ба даст оварда буд.
Ба андешаи мо, на Абуҳомиди Ғаззолии шаккок (скептик), балки Умари Хайёми некбин (оптимист) нобиғаи асосии давраи Салҷуқиён маҳсуб меёбад. Бар хилофи аввалин, Умари Хайём барои кор ба Низомия даъват нашудааст, балки дар расадхонаи пойтахти Салҷуқиён дар Исфаҳон фаъолияти пурсамар дошт.
Вазири бузург Низомулмулк ба ӯ супориш медиҳад, ки доир ба ҷорӣ кардани тақвими нави хуршедӣ дар соли 1079 таҳқиқот гузаронад ва хотиррасон кард, ки гардиши офтоб аз ҷашни мардумии Наврӯз дар мавриди баробарии шабу рӯзи баҳорӣ оғоз мешавад. Вай, ба мисли дигар нобиғаҳои тафаккур, олими ҳарсоҳа (энсиклопедист) буд, ки асарҳои худро дар соҳаи риёзиёт, алгебра,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор