Ҷаҳони Тоҷикон

механика, астрономия, ҷуғрофия ва фалсафа ба мерос гузоштааст.
Вале, бояд иқрор кард, ки бо вуҷуди дастовардҳои пешрафтаи техникӣ, вай дар саросари ҷаҳон, пеш аз ҳама, ҳамчун шоир ва муаллифи «Рубоиёт»-и ҳаётбахш шӯҳрат дорад.
Ба ақидаи коршиносон, вай, ки дар Нишопур таваллуд шудааст, аслан дар назди як донишманди балхӣ таҳсил карда, таҳқиқоти худро дар Самарқанд идома медиҳад ва дар он ҷо асари машҳури «Дар бораи исботи масъалаҳои алгебра ва ал-муқабала»- ро навиштааст, ки арзиши илмии худро то имрӯз нигоҳ доштааст; пас аз будубоши муваққатӣ дар Бухоро, ӯ ба зодгоҳаш баргашт ва дар он ҷо зери таваҷҷӯҳи Низомулмулк қарор гирифт, ки минбаъд сарпарасти ӯ (ҳамчун вазир Балъамӣ барои Рӯдакии бузург) гардид.
Бо дастгирии вазири бузург, вай 18 соли пурсамари худро дар Исфаҳон ҳамчун намояндаи асосии аҳли илми маҳаллӣ гузаронд; пас аз вафоти вазир Низомулмулк ва султон Маликшоҳ ба пойтахти нав – Марв кӯчид ва ба хизмати ҳокими нав – султон Санҷар даромад; дар пирӣ ба зодгоҳаш Нишопур баргашт ва дар он ҷо дар синни 83-солагӣ даргузашт.
Ҳангоми таҳқиқоти астрономӣ дар Исфаҳон бо фармони Низомулмулк тақвими нави хуршедиро офарид. Вай ҳисобҳои соли хуршедии худро то даҳяки ёздаҳум иҷро кард, 365,24219858156 рӯз баромад. Тафовути як дақикаи ин рақам бо ҳисобҳои муосир, ба гуфтаи муҳаққиқон, иштибоҳи Умари Хайём набуд.
Ҷолиби диққат аст, ки дар ин замони пурошӯб ҳаёт ва фаъолияти дигар ҳамватани барҷастаи мо – мутаффакири бузург Носири Хисрави Қубодиёнӣ (1004-1088), ки мероси ӯ, ба назари мо, то имрӯз ҳамаҷониба ва пурра омӯхта нашудааст, сурат мегирад. Ӯ муаллифи асари машҳури «Сафарнома», ки барои мо ҳамчун давомдиҳандаи анъанаҳои ҷуғрофии Сомониён ҷолиб аст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор