Ҷаҳони Тоҷикон

ва аз таҳқиқоти вазири ҷуғрофидони Ҷайҳонӣ ибтидо гирифта, дар ин асар истилоҳи «Дашти Қипчоқ»-ро нисбат ба қисми қазоқии Дашти Бузург истифода намудаст, ки он то аввали асри ХХ васеъ истифода мешуд. Дар баробари ин, фаъолияти вай ҳамчун намояндаи муътадил (сулҳпарвар)-и ҷунбиши исмоилия ва таълимоти фалсафии он бештар ҷолиб аст.
Маълум аст, ки намояндагони ҷангҷӯйи исмоилияи махфӣ (ботиниён) гурӯҳҳои парокандаи пинҳонӣ (террористӣ-ифротӣ) доштанд. Ҳатто чунин ҳокимони қудратманд, ба монанди Маликшоҳ, Санҷар ва Салоҳиддин Аюбӣ ва, инчунин, вазири пурқудрат Низомулмулк аз онҳо дар тарсу ҳарос буданд. Дастони ноаёни онҳо («қотилон-ассасинҳо») ба куштори ин вазири афсонавии салҷуқӣ расида, сояи қасри кӯҳии Аламут, манзили «пири кӯҳистонии Ҳасан ал-Сабоҳ», ба мисли «шамшери қассосгир» бар сари ҳокимони «беадолат» то нобудсозии пурраааш аз ҷонибаи муғулҳо (дар соли 1256), овезон буд.
Дар ин ҳолат шахсият ва фаъолияти Носири Хисрав, ки дар соҳаи илм, тиб ва фалсафаи мулоҳизакорона (ратсионалистӣ) аз Форобӣ ва Сино маълумоти комил гирифта буд ва дар идораи андози волии Салҷуқиён дар Марв хизмат кардааст, куллан фарқ мекунад. Шиносоии ӯ бо таълимоти исмоилия на дар яке аз қалъаҳои парокандаи исмоилия, балки дар донишгоҳи дараҷаи аввали он замон ал-Азҳар (дар Қоҳираи Фотимиён) сурат гирифтааст. Расо дар нимароҳи зиндагиаш (42 сола) вай хобе мебинад, ки ӯро ба зиёрати ҳаҷ даъват карданд. Вай ҳамроҳи бародараш ва як хизматгори ҳиндӣ ба сафари шашсолаи ҳаҷ мебарояд. Аз рӯзи бозгашт ба ватан паҳн кардани исмоилия дар байни халқҳои Варорӯд ва Хуросон ҳадафи асосии рӯзгори вай мегардад. Вай ба интиқоди норасоиҳои давлати азими Салҷуқиён шурӯъ кард. Хушбахтона, Носири Хисрав ҷонибдори ашаддии мубоҳисаҳо набуда, балки як шоири бисёр боандеша ва бузург буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор