Ҷаҳони Тоҷикон

Султон Санҷар, ки бесавод буд, асосан, бо шоирони мадҳияхон монд.
Сарпарастии Шоҳроҳи Абрешим ва иқтисодиёт, ки анъанаи қадимаи суғдию сомониёнро дошт, низ дар давраи Салҷуқиён идомаи худро ёфт, зеро муҳаққиқон оиди бунёди шабакаи корвонсаройҳо ва пулҳои калон дар болои дарёҳо, ки мушкилоти роҳгардии тоҷирон ва сайёҳонро осон мекард, инчунин шароити истироҳат ва зиндагии онҳоро беҳтар созад, хабар додаанд.
Аммо, чуноне ки академик В. В. Бартолд таъкид карда буд:
«Салҷуқиён наметавонистанд, комилан ба Сомониён ва Ғазнавиён монанд шаванд, зеро онҳо нисбат ба ҳар гуна таҳсилот тамоман бегона буданд; хабари боэътимод ба мо расидаст, ки охирин аз султонҳои пурқудрати салҷуқиён Санҷар ҳатто на хонда метавонист ва на навишта; барои соҳибмаълумот тахмин кардани пешгузаштагони вай ҳеҷ асосе вуҷуд надорад, гарчанде ки падари ӯ Маликшоҳ сатҳи фарҳангии баландтар дошт. Ҳокими бесавод, албатта, наметавонист идораи муназзами расмиётчигии ҳудудҳои бузурги худро назорат кунад ва ин масъулият танҳо ба дӯши вазир вогузор шудааст; ин аст, ки дар аҳди Салҷуқиён мо чунин вазирони тавоноеро монанди Низомулмулк мебинем, ки қаблан набуданд ва метавонист ба таври қонунӣ худро ҳамҳокими давлати худ хонад».
Дар ин «ҳамҳокими»-и султони бесавод ва вазири тавонои ӯ бори дигар мубрамияти «синтези тоҷикӣ-туркӣ» маълум мегардад, вақте ки беҳтарин намояндагони онҳо ҳамдигарро бомуваффақият пурра мекунанд, соҳаҳои фаъолияти худро ба хотири ободӣ ва рушди давлат ба таври аниқ муқаррар мекунанд.
Яке аз хусусиятҳои зерини мушаххаси ҳукмронии султонҳои салҷуқӣ, ки боиси норозигии вазири бузург гардиданд, амалияи иштироки занон (анъанавӣ таҳти унвони «хотун») дар идоракуни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор