Ҷаҳони Тоҷикон

ислом то андозае ба таъхир андохт. Бо вуҷуди ин омилҳо, зуҳури ворисони эҳтимолии дурдасти Заҳҳок дар саҳнаи сиёсии ҷанубу шарқи шадиди ислом рамзӣ мебошад. Тавре ки дар боло маълум шуд (порчае аз «Шоҳнома»), эрониёни қадим (ориёиҳо), ки аз бединии шоҳаншоҳи Ҷамшеди бузурги асотирӣ нигарон шуда, худашон Заҳҳокро ба тахти Ориёнои қадимтарин даъват карданд.
Ба ин ҳокими аҷнабӣ (Заҳҳок) анъанаи зардуштӣ бунёди иншоотҳои зиёди обёрикуниро дар манотиқи гуногуни давлат мансуб медонанд (обёрикунӣ дар заминҳои кишоварзӣ кори савоб дониста мешуд). Дар «Шоҳнома» дар бораи маҳбус шудани Заҳҳок дар тангнои кӯҳҳо маълумот дода мешавад.
Акнун дар замони таърихӣ ворисони эҳтимолии Заҳҳок Ғӯриён низ анъанаҳои бармаки-сомониро дар бобати паҳн намудани маърифат, асосан, дар самти Ҳинд бомуваффақият идома доданд.
Тибқи гуфтаи коршиноси бритониёӣ: «пешвоёни Ғӯр танҳо дар ибтидои асри ХІ бо ҳуҷумҳои ғоратгаронаи Ғазнавиён ба сарзаминҳои онҳо, вақте ки Ғӯр ҳанӯз як минтақаи ғайридинҳо буд, дучор мегардиданд. Мо инчунин дар бораи таркиби этникии ғӯрҳо, дар маҷмуъ ва, аз ҷумла, Шансабонӣ чизе намедонем; мо танҳо тахмин зада метавонем, ки онҳо тоҷикони Эрони шарқӣ буданд».
Ғазнавиёни аввалин дар даҳсолаҳои аввали асри ХІ ба Ғӯр бо сардории султон Маҳмуд ва писараш Масъуд ҳадди аққал се маротиба ҳамла карданд; онҳо исломро дар вилоят паҳн намуда, Ғӯрро ба як ҳолати тобеи озоди зердасти султонҳо оварданд.
Шансабон он замон танҳо яке аз чандин пешвоён буд, ки онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор