Ҷаҳони Тоҷикон

ҳокимони хурди минтақаи Мандеши дар Ҳарирӯди боло, дар наздикии Оҳангарони имрӯза буданд.
Дар асари «Ҳудуд-ул-олам» тавсифи зерини минтақа ва идоракунии анъанавии он оварда шудааст: «Ғӯр, вилоят дар байни кӯҳҳо ва як кишвари шадид (шикастиҳо)». Он ҳокими ба номи Ғӯршоҳ дорад. Вай қувваи худро аз вилояти Ғузгонон мегирад. Дар замонҳои пешин аҳолии ин вилоят бедин (кофир) буданд; ҳоло аксари мардум мусулмонанд. Онҳо шаҳрҳо ва деҳаҳои сершумор доранд. Аз ин вилоят ғуломон, зиреҳпӯш (зирк), ҷавшан ва силоҳи хуб ба фурӯш бароварда мешавад. Одамон бадҷаҳл, беитоат (носозанда) ва нодон ҳастанд. Онҳо сафедпӯст ва сиёҳпӯстанд (асмар)». Аз ин сарчашмаи асримиёнагӣ маълум шуд, ки табиати хушунатомези аҳолӣ дар якҷоягӣ бо истеҳсол ва содироти аслиҳа ва олоти хуби ҳарбӣ чун шарти зарурӣ барои таъсиси як артиши пурқудрати тоҷикони кӯҳистон мусоидат кард.
Ғӯр, нақши ибтидоии қаламрави мобайни ду давлати бо ҳам зид (буфери)-ро дар байни сарзаминҳои Ғазнавиён ва Салҷукиён дар минтақаи кӯҳӣ ва дастнораси ҷануби Хуросон иҷро карда, маҷбур буд, ки дар байни ин ду давлати пуриқтидор мавқеи тағйирдиҳандаи самти ҳаракат гирад. Султони Ғазнавӣ Иброҳим бо даъвати баъзе аз пешвоён ба Ғӯр ворид шуда, Амир Аббос Шисоро аз хонаводаи маҳалии Шансабонӣ аз тахт сарнагун кард. Сипас, султон писари ӯ Аббос Муҳаммадро малики Ғӯр (соли 1060) эълон кард, ки ӯ то дами маргаш зердасти вафодори Ғазнавиён монд.
Аммо, набераи ӯ малик Иззоиддин Ҳусайн, ки соли 1100 ба қудрат расид, муддати тӯлонӣ дар Ғӯр ҳамчун зердасти султон Санҷари Салҷуқ ҳукмронӣ кард. Чунин ба назар мерасад, ки солҳои 1107- 1108 Санҷар ба Ғӯр юриш кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор