Ҷаҳони Тоҷикон

сарлашкарони туркии ӯ ба монанди Қутбиддин Айбак ва Ихтиёриддин Муҳаммад Халҷӣ юришҳои ӯро дар дохили Ҳиндустон идома дода, то ба халиҷи Бангола расиданд.
Шахсияти фавқулода, салобат ва сарпарастии ӯ ба дараҷае бузург буд, ки тобеонаш, сарварони низомии туркҳо, созандагони давлатҳои худ дар минтақаҳои Ҳиндустон худро бо ифтихор «Муиззӣ» («вафодор ба султон Муаззидин») меномиданд. Онҳо номи султони фавтидаро дар тангаҳои худ дар тӯли даҳсолаҳо, ҳатто баъд аз нопадид шудани сулолаи Ғӯриён, сикка мезаданд.
Маълум аст, ки ба Ҳиндустон дар асри VIII мусулмонон ба вилояти Синд, ки дар поёноби дарёи Ҳинд воқеъ аст, юриш карда буданд. Хеле баъдтар, аз асри XI ҳуҷуми мусулмонон аз вилояти шимолу ғарби он, ки номи тоҷикӣ дошт – Панҷоб оғоз ёфт. То ин вақт, пас аз ҳукмронии амирони Сомониён, арабҳо ниҳоят мавқеи ҳукмронии худро дар идоракунии Варорӯд ва Хуросон аз даст доданд. Танҳо нухбагони (элитаи) хурди онҳо (ба мисли «саидзодагон» ва «хоҷагон», ки аз Паёмбари ислом (с) реша гирифтааст), аз ҷониби тоҷикон аз худ карда шуданд. Онҳо, вақте ки дар қудрат набуданд, баъзан метавонистанд ба ҳокимони дунявӣ фишори сахт оранд (масалан: даъвати Қарахониён ба тахти Бухоро, қатли хони Қарахониён Аҳмад аз ҷониби суди рӯҳониён ва ғ.).
Аз ин рӯ, султон Маҳмуд аз шаҳри Ғазна, ки дар наздикии Панҷоб воқеъ аст, тамоми ғозиёнро (тоҷикон ва туркҳо) ҷамъ овард ва ба артиши зархариди худ пайваста, ҳуҷумҳои мунтазами худро тавассути ин минтақа, ба дохили Ҳиндустон оғоз намуд.
Дар ин ҷо қабилаҳои туркӣ ҳамчун меҳвари асосии ҳарбӣ амал мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор