Ҷаҳони Тоҷикон

Ба андешаи мо, чунин мавқеи дутарафаи Тоҳириёнро чунин шарҳ додан мумкин аст: дар воқеъ, аввалин давлати этносулолавии тоҷикон аст, ки қудрати маънавии (руҳонии) Аббосиён (хилофат)-ро эътироф намуда, дар амал тавре рафтор кардааст, ки гӯё воҳиди мустақили давлатӣ (аморат) буд. Ба тариқи дигар, Тоҳириён бинобар мавқеи кунунии хилофат (муқовиматҳо, шӯришҳо ва муборизаҳои қудратӣ байни гурӯҳҳои мухталиф дар нимаи аввали асри IX), нақши «амир-ал-муминин»-ро ба ӯҳда гирифтанд, ки қаблан ба халифаҳо тааллуқ дошт. Хилофати Аббосиён, меросхури Умавиён, бо ҷараёни васеъ гардиданаш то нимҷазираи Иберия дар Аврупо ва ба ҳудудҳои Дашти Бузург дар шарқ ба мамлакати ҷаҳонӣ табдил ёфта, гурӯҳҳо ё қабилаҳои муваффақ барои хидматҳои махсус ба қудрати олӣ ҳудудҳои калонро мегирифтанд.
Дар ин қаламравҳо, ки гурӯҳҳои этникии худ ва / ё гурӯҳҳои хешовандон марбут ба он зиндагӣ мекарданд, онҳо амалан ба ташкили сохторҳои этникии давлатӣ шуруъ мекарданд, ки қудрати дунявии ӯро аз худ намуда, қудрати маънавиро ба ихтиёри халифаҳои Бағдод вогузор мекарданд.
То ҳамин давра, вақте ки писарони Ҳорун ар- Рашид ба ҷойи эҳё кардани сарпарастии илм ва назм, бо ихтилофоти дохилӣ ва юришҳои ҳарбӣ банд буданд, эстафетаи фарҳангӣ аз Бағдод ба шаҳри Нишопур, пойтахти Тоҳириёни мустакил гузашт. Гарчанде ки кӯшиши бунёди “Хонаи ҳикмат” (академия) аз ҷониби халифа Маъмун, ки бо китобхона ва фаъолияти тарҷумонӣ маъруф буд, аз дигарон фарқ мекард, аммо завқи ӯ ба юришҳои ҳарбӣ дар Миср ва бунёди пойтахти нав аз тарафи вориси халифа Мутасим дар Самарра ва кӯчидан ба он ҷо бо гвардияи туркӣ боиси аз байн рафтани шукӯҳи фарҳангии Бағдод гардид.
Бисёре аз олимони “Хонаи ҳикмат”, тавре ки дар боло гуфта шуд, аз Хуросон, Варорӯд ва минтақаҳои ҳамшафати хилофати шарқӣ буданд, аз ин рӯ, кӯчидан ба Марв ва баъдтар ба Нишопур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё