Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

натавонист. Асосан, бинобар беэътиноӣ нисбати талаботи артиш, ӯ декабри соли 956 аз ҷониби фармондеҳи горди амир Алптегин дар назди дарвозаи кохи амир Абдумалик кушта шуд. Баъдтар вазири амир, Абумансур б.Узайр, ки мансаби ӯ ба Абӯҷаъфари Утбӣ гузашта буд, сарнагун карда шуд. Волии Хуросон Абулҳасани Симҷурӣ таъин шуд. Ин мансабдорони воломақоми амир низ аз сабаби нотавонии идораи кишвар ва минтақаи ба онҳо супурдашуда, норозигии аҳолии аморатро зиёд карда, аз вазифаашон барканор карда шуданд. Дар соли 959 Абумансур ибни Исҳок вазири амир ва Абумансур Абдураззоқ (960) ҳокими Хуросон таъин гардид, ки дар ин вазифа худро ҳокими одил нишон дод.
Дар айни ҳол, мо саъйи амир Абдумалик ва вазири ӯро барои маҳдуд кардани даъвоҳои роҳбарони низомиёни горди амир ва дахолат ба корҳои давлатии аморат мушоҳида мекунем.
Ба амир муяссар гардид, ки як фармондеҳро ба қатл расонад ва фармондеҳи аз ӯ қавитар Алптегинро ба ҳокимияти Хуросони дурдаст таин кунад. Аммо, ба ин сарлашкар, пеш аз рафтан, муяссар мешавад, ки вазирро иваз карда, Абуалӣ Балъамиро, ки он нусхаи заифи падари тавоно ва лухтаке дар дасти ин сарлашкари қавии муваққатӣ гардид, ба ин вазифаи олии давлатӣ таъин кунанд.
Бо кӯшиши маҳдуд кардани фишори сарлашкарон (горди туркӣ) ва ҳифзи ягонагии давлат, амири шашуми хонадони Сомониён тирамоҳи 961 ҳангоми чавгонбози бо асп (варзиши ашрофони Шарқ) нобаҳангом ҷон дод.

7.Амир Мансур Сомонӣ (с.961-976). Пас аз марги амир
Абдумалик, вазир Балъамӣ бо дархости фармондеҳ Алптегин

пешина
аз 335
навбатӣ