Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Амударёи боло (Рашт, Хутал ва ғ.) ба даст гирифта буд, равона гардид. Бо роҳи созиш имконпазир шуд, ки ин волӣ ба вазифаи пешинааш дар Хуросон барқарор гардад ва ӯ он ҷо бо мухолифони нави Сомониён – Оли Бӯйя ҷангро оғоз кард. Аммо, амир аз бастани сулҳ бо ин сулолаи нав норозӣ шуда, дубора Абуалии Чағониро аз вазифа сабукдуш кард ва ба ҷои ӯ волии дигаре таъин кард. Дар ин рӯзҳои тағйири қудрат дар минтақаи ғарбии давлат 28 августи соли 954 амири панҷуми Сомониён Нӯҳ даргузашт. Дар даврони ҳукмронии кӯтоҳмуддати ин амири Сомониён барои ҳифзи қудрати марказӣ ба ӯ лозим омад, ки бо рӯҳониёни норозӣ созиш кунад (бинобар иштиёқи амири собиқ ба ғояҳои бегона) ва баъдтар, бо такя ба нерӯҳои ҳарбии худ барои амалҳои ҷудоихоҳона бо ҳокимонаш мубориза барад.

6.Амир Абдумалик Сомонӣ (954-961). Амир Нуҳ панҷ писар
дошт ва ӯ ба мисли халифа Ҳорун ар-Рашид аҳолиро маҷбур
кард, ки ба шоҳзодаҳо байъат кунанд, ки бояд онҳо ба навбат
ҳукмронӣ мекарданд. Аммо, ӯ бемулоҳиза ба сарпарастии се
писари калонии худ сардорони низомиро вобаста кард (на
ходимони давлатиро монанди Балъамиён ва ё Ҷайҳониён), ки ин
аз болоравии нуфузи низомиён нисбати маъмурияти мулкӣ дар
давлатдории амир шаҳодат медод. Аввалин нафар аз писарони
Нуҳ Амир Абдумалик ба тахти Сомониён нишаст, ки охирин
фармони падари худро дар бораи сарнагун кардани ҳокими
пурқудрат Абуалӣ Чағонӣ ва ба ҷои вай таъин намудани Абусаид
Бакр Фарғониро тасдиқ кард. Абуалӣ, сарфи назар аз кӯмаки
мухолифони дирӯза Оли Бӯйя ва дастгирии халифаҳои Бағдод,
натавонист мансаби худро нигоҳ дорад. Аммо, ҳокими нав
Абусаид Фарғонӣ низ қудрати амирро дар Хуросон устувор карда

пешина
аз 335
навбатӣ