Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тарҳҳои ташаккулёфтаи давлатдории давраи пеш аз таърих – Пешдодиёни афсонавии Хванирата, шоҳони асотири Турон ва Кайёниёни таърихии Хуросон/Эрон мебошад.
Мавҷудияти давлати мутамаркази этносулолавӣ бори аввал ва охирин дар таърих тамоми минтақаҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷиконро фарогирифта, бо роҳи ягона ва инфрасохтори канори роҳ (корвонсаройҳо, работҳо, бозорҳо ва ғ.). ба муоширати наздики онҳо, ташаккулли анъанаҳои умумӣ ва тарзи ягонаи ҳаёт, намудҳои шабеҳи хоҷагидорӣ мусоидат кардааст. Ҳамаи ин ҳолатҳо боиси шукуфоии фарҳанги олии шаҳрӣ гардиданд, ки он ба шукуфоии давлати мутамарказ ва парвози баланди андешаҳои фарзандони барҷастаи халқи навзоди тоҷик ва ҳамсоягони наздики онҳо кӯмак расонданд.
Тавре ки дар боло дида баромада шуд, амирони Сомониён, ки аз беҳтарин намояндаи хонаводаи бостонии портӣ Меҳронон, фармондеҳи машҳур (сосонӣ) Баҳроми Чӯбин авлодашон шурӯъ гардид, то ибтидои асри Х ба шарофати намоёнтарин намояндаи ин хонавода, амир Исмоил, тавонистанд тамоми минтақаҳои бостонии тоҷиконро гирд оваранд.
Ҳоло ҳамаи минтақаҳои давлати Сомониёнро бо «Достони ҷуғрофии» Авесто (боби якуми Видевдод) ки дар он 16 «каршвар»-и беҳтарини офаридаи Аҳура Маздо тасвир ёфтаанд, муқоиса менамоем:
1.Суғд, дар «Авасто» бо номи «Гава, ки дар он суғдиён маскан гирифтааст» (авастоӣ- “Gāum yim suγδō. šaiianəm”- «Қароргоҳи сукунат, манзили суғдиён») ёд карда мешавад – минтақаи марказии Варорӯд;

пешина
аз 335
навбатӣ