Ҷаҳони Тоҷикон

Садоқати амирони Сомониён ба ду шаҳри бузурги Варорӯд – Бухоро ва Самарқанд минбаъд омили тақлид ба ташаккулёбиҳои ояндаи давлатӣ гардид, ки дар байни онҳо амир Темур, асосгузори давлати Темуриён, ки дар оғози болоравии худ аз шаҳри Шаҳрисабз ба Самарқанд гузашт, ҷудо шуда меистод. Бозсозию такмили Самарқанд ва нигоҳ доштани муносибатҳои хуб бо садрҳои мағрури Бухоро омилҳои асосии сиёсати дохилии ин сулолаи шуҳратманд – «охирин бузургони беҳамто» буданд, ки пас аз он минтақа тадриҷан ба «гӯшаи дурдасти таърих» табдил ёфт.
1.7. Этногенези халқи тоҷик дар таркиби давлати
Сомониён
Давлати абарқудрати мутамаркази Сомониён на танҳо ҳамчун давомдиҳандаи кори пешгузаштагони худ (Тоҳириён ва Саффориён) дар ташкили давлати мансуб ба як халқ, асосан дунявӣ (аморат / салтанат) дар паноҳи ҷаҳони ислом амал мекард, балки муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси «ҷамъкунанда»-и тамоми сарзаминҳои ниёгони тоҷикон амал кардааст, ки аллакай ду ҳазор сол пеш аз онҳо дар «Достони ҷуғрофӣ»-ии «Авасто»-и афсонавӣ сабт шудаанд.
Якҷоя кардани тамоми минтақаҳои фарҳангию таърихии манзили суннатии сукунати халқи тоҷик ва гузаштагони онҳо аз ҷониби амирони Сомониён аҳамияти калидӣ дорад, зеро бори нахуст дар таърихи воқеӣ ҳудуди сукунати онҳо ба як кишвари (ба як давлат) бутун муттаҳид карда шуд. Ин макони зисти мардуми тоҷик ва аҷдодони шарифи онҳо бори аввал дар замонҳои қадим дар «Авасто»-и муқаддас зикр шуда буд, мутаассифона, солҳои тӯлонӣ аз насл ба насл, асосан, ба таври шифоҳӣ мегузашт. Ин ҳолат (интиқоли шифоҳии иттилоот) дар муайян кардани минтақаи ибтидоии сукунати ниёгони халқи тоҷик пас аз ҷудо шудани онҳо аз ҳудуди умумии ҳиндуаврупоӣ (аз даштҳои ҷанубии русӣ), муҳоҷират ба ҷанубу шарқ ва ҷудоии онҳо аз ориёиёни ведӣ ва инчунин ҳангоми муайян кардани ҷойи таваллуди пайғамбар Зардушт ва қаламравҳои равандҳои қиёсшавандаи таърихӣ ва минбаъдаи иҷтимоӣ-сиёсӣ шубҳаҳои зиёдро ба амал овардааст.
Таъсиси давлати мутамаркази Сомониён дар паҳнои Турон (Варорӯд ва Дашти Бузург) ва Хуросон, ки Эрони шарқӣ ва шимолу ғарби Ҳиндустонро фаро гирифтааст, тақрибан такрори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё