Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

замони оянда бошад, амали пас аз лаҳзаи нутқ ба амал меомадаро («Баъд аз хатми мактаби олӣ Санавбар ба сохтмони Норак меравад») ифода мекунад, ки бавоситаи хабари ҷумла ифода меёбанд. Шаклҳои замонӣ ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: шаклҳои замони ҳозира ва шаклҳои замони гузашта. Шаклҳои замони ҳозира аз асоси замони ҳозира ва шаклҳои замони гузашта аз асоси замони гузашта сохта мешаванд. Шаклҳои замон ҳам бо роҳи синтетикӣ ва ҳам бо роҳи аналитикӣ сурат меёбанд. Баъзан вобаста ба матн як шакли замонӣ метавонад тобишҳои гуногуни маъноӣзамонӣ пайдо кунад. Замон бо категорияи сиға сахт алоқаманд аст ва ифодаи он танҳо дар доираи сиға амалӣ мегардад. Шаклҳои замон вобаста ба мавриди лаҳзаи нутқ мутлақу давомдор мешаванд. Замони феъл муносибати амалро ба ҳангоми нутқ ва ё ба лаҳзаи дигари дар нутқ зоҳиршуда нишон медиҳад. Феъл се замон дорад, ки бо шаклҳои гуногуни замонӣ тасриф меёбад: замони гузашта, замони ҳозира, замони оянда.
Замони гузаштаи феъл сарфи назар аз ҳамаи шаклу тобишҳои грамматикиаш амали пеш аз лаҳзаи нутқ воқеъшударо мефаҳмонад, яъне гўянда дар бораи замони қатъшудаи амал ва протсесҳои дигар сухан меронад: навиштам, навиштаам, менавиштам, навишта будам, навишта истода будам. Ҳамаи феълҳои замони гузашта шакли нақлӣ доранд.
Замони ҳозираи феъл амали ҳангоми нутқ давомдоштаро ифода мекунад: Додари ман дар омўзишгоҳи тиббӣ мехонад. Вай кўшиш карда истодааст, ки имтиҳонҳоро бо муваффақият супорад.
Замони ояндаи феъл амалеро мефаҳмонад, ки он баъд аз лаҳзаи сухани гўянда содир мешавад: Аз гунҷиш тарсӣ – арзан накор (Зарб.).
расул ба Норак меравад. Ман низ хоҳам рафт. Замонҳои феъл дорои лаҳзаҳо ва тобишҳои зиёди дастурие мебошанд, ки ба воситаи шаклҳо ва таркибҳои муайяни феълӣ дар нутқ ифода меёбанд. Бештарини шаклҳои замонии феълҳо сермаъно ва сервазифа буда, ба ғайр аз вазифаи асосии худ маъною вазифаҳои иловагиро низ дар бар мегиранд.
Замони гузаштаи наздик. Феъли замони гузаштаи наздик аз асоси замони гузашта ва бандакҳои феълӣ сохта мешавад. Шахси сеюми ин феъл

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ