Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

калимаҳо ба ҷумлаи вожаҳои фаъоли забон дохил мешавад; б) аз бобати ифодаи эҳсосот ва майлҳои иродавӣ бештар якранганд, ки ин хусусият бо муродифҳои луғавии онҳо дар қабатҳои дигари истеъмолӣ зоҳир мешавад: асал-ангубин, ватан-меҳан, гунг-лол, дил-қалб, мурданфавтидан; в) калимаҳои умумиистеъмол хосияти кўҳнашавӣ ва аз истеъмол баромадаро надоранд; г) чунин вожаҳо бо калимаҳои дигари забон дараҷаи баланди ҳамнишинӣ доранд.
Калимаҳои услуби баланд. Вобаста ба нишон додани имкониятҳои забонии нутқ, ки ба амалиёти беисти шуури соҳибзабонон вобастагӣ дорад, калимаҳои услуби баланд ва пастро фарқ мекунанд. Ин унсурҳо дар як маврид дар шакли оҳангҳои ниҳоят баланд ва муаддаб, дар мавриди дигар дар сурати тобишҳои паст, ноҳинҷор зоҳир мешаванд.
Вобаста ба он ки дар мундариҷаи калима баробари ифодаи маъноҳои луғавӣ, грамматикӣ, мансубиятҳои услубӣ боз то кадом андоза ҷилваҳои баланд ё пасти эҳсосӣ, иродавӣ ва ифоданокӣ таҷассум ёфтаанд, онҳоро мансуби услуби баланд ва ё пасти нигориш ва гуфтор ҳисобидан мумкин аст. Ба ҷумлаи луғати услуби баланд, ки дар онҳо оҳангу ҷилваҳои мусбати эҳсосиву иродавӣ ифода шудаанд, лиризмҳо, поэтизмҳо, архаизмҳо, неологизмҳо (наввожаҳо) ва як гурўҳ экзитизмҳо дохил мешаванд. Қисмати зиёди ин гурўҳи калимаҳо мансуби забони назм, ба хусус, мансуби ҳиссаи лирикии он аст. Дар лиризмҳо эҳсосоти баланди саршор аз меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба зебоӣ ифода шудааст.
Бештарини чунин калимаҳо маҳз дар назм, дар лирикаи он ба кор мераванд. Чунончи, калимаҳои равон «ҷон», накҳат «бўйи хуш»: накҳати гул; бадр «моҳи пурра», ҳилол «моҳи серўза», «мушкин» муаттар; анбарин «хушбў», «наргисин», «монанди гули наргис», шакарин «ширин».
Ба ду чашми наргисинат, ба ду зулфи анбаринат, Ба ду лаъли шакаринат, ки касоди шакар омад (Румӣ).
Калимаҳои услуби паст. Дар таркиби луғавии забонамон як гурўҳ калимаҳои ифодагари муносибатҳои пасту ноҳинҷори байни одамон низ маҳфузанд. Чунин калимаҳо анвои гуногуни унсурҳои ҷудогонаи шуури

пешина
аз 389
навбатӣ