Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

инсониро дар таровиши эҳсосоту майлҳои иродавии бетакаллуфӣ, бепардагўйӣ, нописандӣ, дуруштӣ, таҳқир, истеҳзо ва м.и. ифода кардаанд. Ба мафҳуми калимаҳои услуби паст вожаҳои дар доираи забони адабӣ мустаъмал дар назар дошта шудаанд. Калимаҳои ифодагари эҳсосоту майлҳои иродавии манфии доираи забони адабиро ба се гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст: Калимаҳои ифодакунандаи бепардагўйӣ, дашномҳои раво (вулгаризмҳо) ва вожаҳои барбарӣ (варваризмҳо).
Калимаҳои ифодагари бепардагўйӣ ҷилоҳои гуногуни бетакаллуфӣ, худнамоӣ, беэътиноӣ, нописандӣ, таъна ва монанди инҳоро дар бар гирифтаанд: кампир «зан, занак» (дар забони шавҳар), пиракӣ «мард, мардак» (дар забони зан), бева «зани шаттоҳ», дала «касе, ки занеро ба марди бегона ошно мекунад», линг «пой», кала «каси кундфаҳм».
Оҳангҳои нописандиву таъна дар гурўҳи дигари калимаҳои услуби паст бо ҷилоҳои нисбатан сахттари пастзаниву наҳзаниҳо якҷо садо медиҳанд:
мулонамо «шахси зоҳиран ба таҳсилкарда монанд, вале ботинан ҷоҳил», бекорхўҷа «танбал», сиёҳкор «тўҳматчӣ». Як гурўҳи калимаҳои услуби пастро вожаҳои ифодагари эҳсосоту майлҳои иродавии дағал, дашном, суханҳои носазо ташкил медиҳанд. Чунин калимаҳо бо номи вулгаризмҳо низ маъруфанд: ҳаромхўр «касе, ки аз меҳнати дигарон муфт истифода мебарад», хумкалла «одами кундфаҳм». Калимаҳои барбарӣ. Ба ҷумлаи калимаҳои услуби паст ҳамчунин як силсила варваризмҳо низ дохил мешаванд. Калимаҳои барбарӣ аз доираи меъёрҳои забони адабӣ берун мемонанд: марҷон «зан, завҷа», кизинка «духтар», карапчук «дуздӣ», пиёнастика «майзада» ва монанди инҳо.
Калимаҳои хулосакунанда. Калимаҳое, ки дар ҷумла пеш ё пас аз аъзои чида омада, онҳоро ба таври хулоса ифода мекунанд. Ба вазифаи калимаҳои хулосакунанда бештар ҷонишинҳои таъинӣ (ҳама, тамоми), таркибҳои гуногун бо ҷонишинҳо (тамоми омўзгорон), исмҳое, ки ифодаи ҷамъ ё ҷомеъ доранд (мардум, ашё, таомҳои гуногун), шумораю исм (шаш писар, чор китоб), ибораҳои ҷонишинӣ (ҳамаи онҳо, ҳамаи мо), баъзе

пешина
аз 389
навбатӣ