Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд (Рўдакӣ).
Тобишҳои маъноии феъли фармоиш дар матн зоҳир мешаванд.
Феълҳои бевосита ва бавосита. Феълҳо аз ҷиҳати воситаи иҷрои амал ва муносибати бо он доштаи фоилу мафъул бевосита ва бавосита мешаванд. Феълҳои бевосита аз тарафи фоил (субъект) барои худи фоил воқеъ шудани амалро мефаҳмонанд. Ба ин гурўҳ ҳам феълҳои монда ва ҳам феълҳои гузаранда дохил мешаванд: Акбар дар суфачаи дарвозахона нишаст (Р.Ҷ.); Аҳмадбек ба қафо нигарист (Ф.М.). Феълҳои бавосита ё барои мафъул воқеъ гардидани амал ё ба воситае иҷро шудани амалро мефаҳмонанд. Ҳамаи феълҳои бавосита феълҳои гузарандаанд. Чунин феълҳоро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд. Гурўҳи якуми феълҳои бавосита аз феълҳои монда сохта мешаванд: рафтан-равондан, ҷунбидан-ҷунбондан:
Муҳаммадмурод охирин ғолиби майдонро афтонид (Ф.М.). Гурўҳи дуюми феълҳои бавосита аз асоси замони ҳозираи феъли гузаранда бо иловаи пасванди -он (-ён) сохта мешавад. Ин гуна феълҳои бавосита тавассути каси дигар иҷро шудани амали фоилро мефаҳмонанд: хондан-хонондан, омўхтан-омўзондан, рехтан-резондан: … имсол деҳқонон он ҷоро кор фармуда ҳамон заминҳоро гандум ва шолӣ корондам (С.А.); Ба котиб гуфтам, ки идораро шўёнад (Ҷ.И.).
Феълҳои бешахс. Феъле, ки амалу ҳолати худ аз худ воқеъшаванда (бештар ҳодисаю воқеаҳои табииро) мефаҳмонад: торик шуд, рўз шуд, шаб шуд. Дар забони тоҷикӣ феълҳои бешахс бештар дар ҷумлаҳои бешахс бо ёридиҳандаҳо, феълҳои модалии бояд, мебояд, набояд, намебояд сохта мешаванд:
Камбағалҳои ҷаҳонро муттаҳид бояд намуд, Ҷанг бо ўрдуи истисмор мебоист кард (А.Л.).
Феълҳои дубаҳра. Феълҳое, ки вобаста ба матн гузаранда ё монда мешаванд: зардолу пухт (монда), ошро пухт (гузаранда).
Феълҳои модалӣ. Феълҳое, ки бо маънои луғавӣ ва моҳияти грамматикии худ муносибати ба воқеият доштаи мазмуни суханро ифода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор