Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мекунанд ва дорои тобишҳои сиғавианд: тавонистан, хостан, боистан, шоистан. Хусусияти фарқкунандаи ин феълҳои ёридиҳанда дар феълсозӣ ва ифодаи синтаксисии онҳо зоҳир мешавад. Феълҳои тавонистан, хостан дорои шаклҳои аорист (тавонам, хоҳам), замони ҳозира-оянда (метавонам) ва шаклҳои асосии замони гузашта буда, шаклҳои тарз надоранд. Феълҳои боистан, шоистан таърихан ба тағйироте дучор шудаанд ва имрўз танҳо шаклҳои ҷудогонаи онҳо истеъмол мешавад.
Феълҳои мустақил ва ёридиҳанда. Феълҳо аз рўи вазифаи грамматикӣ, тарзи истеъмол ва хусусияти маъноияшон ба ду гурўҳи калон: мустақилу ёридиҳанда ҷудо мешаванд. Феълҳое, ки вазифаи грамматикӣ ва маъноияшон дар ҷумла бевосита, бе ёрии ҳиссаҳои дигар анҷом меёбад, феълҳои мустақиланд: баромадан, рафтан, ёфтан, кандан, оростан, пухтан, рафтан, сохтан, сўхтан: Албатта, маърўзаи ўро мешунавем ва чораи корашро меандешем (Ҷ.И.). Маълум шуд, ки маро намешинохтаед? (Ҳ.К.). Феълҳое,ки дар сохтани шаклу таркибҳои феълӣ иштирок намуда, барои ифодаю ташкили категорияҳои феълу таркибҳои феълӣ хизмат мекунанд, феълҳои ёридиҳандаанд. Адади феълҳои ёридиҳанда аз ҳисоби феълҳои мустақил, ки дар сохтани шаклу таркибҳои феълӣ ҳамчун ёридиҳанда хизмат мекунанд, хеле меафзояд. Масалан, феълҳои таркибии масдарӣ бо ёрии гирифтан сохта мешаванд (хондан гир, рафтан гир, омадан гирифт, рафтан мегирад) давомнокии амал ва таъсиру ҳолатро ифода мекунанд: Ба ҷои ин аз чашмонаш ашкҳо рехтан гирифтанд (Ҳ.К.). Шакли таркибии феълҳо хеле инкишоф ёфтааст ва чунин шаклҳои феълӣ қисми муҳимми феълро ташкил медиҳанд. Феълҳои таркибӣ ва таркибҳои феълӣ аз ду ҷузъ: ҷузъи асосӣ (соҳибмаъно) ва қисми ёридиҳанда, ки барои ифодаи вазифаҳои грамматикӣ ва тобишҳои маъноӣ хизмат мекунад. Феълҳои кардан, намудан, шудан, гардидан (гаштан), сохтан ҳамчун ёридиҳанда феълҳои таркибии номӣ месозанд: сўҳбат кардан, амал кардан, омода намудан, озод шудан, намудор гаштан, муҳайё сохтан: Тилмоч ин суханҳоро тарҷима намуда, илова кард,ки роҳи ягонаи аз ин азобу уқубат халос шудан ҳамаи айбро ба гардани сарбоз бор

пешина
аз 389
навбатӣ