Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Десемантизатсия ((аз лат. пешванди de- дар ифодаи ҷудокунию бекоркунӣ); юн. semantikas – ифодакунанда). Аз байн рафтан ё ниҳоят суст шудани маънои луғавии калима. Масалан, калимаи тантана, ки аслан ифодагари «овози танбўр, нақора» буд, маънои аслиашро аз даст дода, дар забони ҳозираи тоҷикӣ ба маънои «шукўҳ» маъруф шудааст:
Ҷашни даҳсолагият лоиқи фахри ватан аст.
Боиси тантанаву шодии ҳар марду зан аст. (Б.Раҳимзода).
Детерминант. Калимашакли озоде, ки маъмулан дар аввали ҷумла омада, бо ҳамаи аъзоҳои минбаъдаи (хабари) ҷумла робитаи грамматикӣ пайдо карда, тафсилдиҳандаи он ба ҳисоб меравад: Бегоҳиҳо дар дўкон худаш танҳо мемонд (Р.Ҷ.). Дар ҷумлаи фавқ ҳоли озоди «бегоҳиҳо» ҳам ба мубтадо ва ҳам ба хабар муносибати муштарак дорад.
Дефис (-) (нимтире, лот. division – ҷудокунӣ). Аломати дефис (-) дар мавридҳои зерин гузошта мешавад: 1. Дар калимаҳои мураккаби навъи зерин, ки ҷузъи дуюмашон барои шарҳу эзоҳ ва пурра кардани ҷузъи якум омадааст: мактаб-интернат, хона-музей. 2. Дар илмҳои таркибии асарҳое, ки артикли арабии ал ва гунаҳои он ус, ут доранд: Бадоеъ-ул-вақоеъ, Мантиқ-ут-тайр. 3. Дар ҷузъҳои номҳои таркибии географии навъи зерин:
Волга-Дон, Рио-де-Жанейро. 4. Дар сифатҳои таъкидӣ: суп-сурх, сапсафед, сифатҳои аз такрори калима сохташуда: коғази рах-рах, риши тортор, сифатҳое, ки аз шумораи миқдорию исм сохта шудаанд: 125-сола, 10- ҳафтаина. 5. Дар феъли ҳоли такроршуда: хандида-хандида, лангидалангида (лангон-лангон). 6. Дар зарфҳое, ки бо роҳи такрори калима сохта шудаанд: оҳиста-оҳиста, кам-кам. 7. Дар назм: пешоянд ва пайвандакҳои ихтисоршуда: з-ин (аз ин), з-он (аз он), к-аз (ки аз), бад-ў (ба ў). 8. Пеш аз ҳиссачаҳои -чӣ, -ку, -а, -дия: омадед-ку, омадед-дия.
Дефонологизатсия (англ. dephonoloqization). Аз байн рафтани тазоди (муқобилгузории) фонологӣ. Хусусияти устуворию ноустувории садонокҳо, ки дар давраҳои пешинаи инкишофи забони тоҷикӣ ба сифати дигар дарозиҳо кўтоҳии садонокҳо воқеъ гардида, барои фарқ кардани фонемаҳои дарози: а-а, и-и, i-I истифода мешуд, дар ҳолати имрўзаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё