Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

забони тоҷикӣ ҳамчун воситаи фонемафарқкунӣ истифода намешавад, зеро мо дар забони муосири тоҷикӣ як ҷуфт калимаеро пайдо карда наметавонем, ки онҳо ба воситаи дарозию кўтоҳии ягон садоноки таркиби худ фарқ кунанд.
Деэтимологизатсия (анг. de-etymologization). Аз байн рафтани (гум шудани маънои калимаи мавҷуда аз маънои решагии аввалааш. англ. lady англисии қадими hia-l-dige). Сабаби деэтимологизатсияи калимаҳо таърихан аз байн рафтани алоқаи ҷузъҳои калимаҳо (дашном, душном-аз даш, душ-бад, ном-муқ. душман), тағйир ёфтани муносибати хешии калимаҳо дар калимасозӣ (элдор-эл-туркӣ; дўст, халқ дар тоҷикӣ) буда метавонанд.
Диакритикӣ (юн. diakritikos – фарқкунанда). Аломати фарқкунанда.
Ду нуқтаи болои ҳарфи е, яъне ё.
Диалект (аз юн. Dialektos – гуфтугў, шева, лаҳҷа). Як навъи забони умумихалқӣ, ки дар байни гурўҳҳои ками мардум, дар ҳудуди ба ҳамдигар алоқаманд истифода бурда мешавад. Диалектҳои минтақавӣ (территориявӣ) ҳамеша ҷузъи куллии ин ё он забонанд ва муқобили ҳамдигар қарор дошта, бо як силсила хосиятҳои забониашон муттаҳид мешаванд. Тафовутҳои шевагӣ дар сохтори ововзӣ, грамматика, калимасозӣ ва лексика ба назар мерасанд. Диалект аз ҷиҳати ҳудуди паҳншавиаш ба шеваю лаҳҷаҳо ҷудо мешавад. Лаҳҷа метавонад чандин шеваҳоро дар бар гирад. Диалекти ҳунарманди як навъи диалекти сотсиалӣ-иҷтимоист, ки муносибатҳои мардумони як касбу ҳунар ё як навъи машғулиятро муттаҳид мекунад. Диалекти сотсиалӣ (иҷтимоӣ) диалекти як гурўҳи сотсиалист. Диалекти минтақавӣ (диалекти маҳаллӣ, диалекти вилоятӣ) диалектест, ки хоси як маҳал аст.
Диалектизмҳо. 1. Калимае, ки аз шеваю лаҳҷаҳои гуногун дар забони адабиёти бадеӣ ҳамчун воситаҳои муайяни услубӣ: барои ба вуҷуд овардани обуранги хоси ин ё он маҳал, барои тавсифи нутқи персонажҳо истифода мешаванд. 2. Аломату хусусиятҳои фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, фразеологӣ ва семантикӣ, ки хоси шеваҳои ҷудогона буда, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё