Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вусъат ва печидагии маънои ин ё он воҳиди забонӣ, имконоти тобишҳои гуногуну нозуки иродаи маънои предмет, сифат, аломат, амал.
Диатеза (англ. diathesis. Ниг.: категорияи тарз).
Диафона (англ. diaphone). Абстраксияи (таҷриди) дараҷаи сеюм, яъне овози абстрактие, ки ҳамаи фарқиятҳои гунаҳои талаффузро дар бар мегирад. Аз ин рў, аз татбиқи мушаххаси овозӣ маҳрум аст.
Диафонема (англ. diaphoneme). Таҷриди дараҷаи чорум, яъне таҷриди воҳиди фонология мебошад, ки бо вуҷуди татбиқи мушаххаси овозӣ надоштанаш, бунёду асоси муомилат ва ҳамдигарфаҳмиро ташкил медиҳад.
Диахрония (аз юн. dia – тавассути, аз миёни ва chrokos – замон).
Инкишофи таърихии системаи забон ҳамчун предмети (мавзўи баҳси) тадқиқи забоншиносӣ; тадқиқи дарзамонии забон, дар ҷараёни инкишофи он дар меҳвари замонӣ. Дар таърихи забоншиносӣ мафҳуми дарзамонӣ (диахрония) бо мафҳуми синхрония (ҳамзамонӣ) робитаю алоқаи ногусастанӣ дорад ва бо муқобилгузории ду ҷиҳат ва ду бархурди таҳлили забон алоқаманд аст. Проблемаи дарзамониро забоншиносии дарзамонӣ меомўзад. Тезиси ба Фердинанд де Соссюр тааллуқдоштаи муқобилгузории мутлақи ду усул ҳамзамонӣ ва дарзамонӣ, ки аз ҷониби Ш.Балли пазируфта шудааст, аз ҷиҳати аксарияти забоншиносон рад карда шуд (намояндагони мактаби забоншиносии Прага, ҳамчунин аз ҷониби А.Сеще, Э.Бейсенс, Э.Косерид ва дигарон). Ақидаи имкони тавсифи муодилу баробари системаи забон бидуни муроҷиат ба таърихи он ва ҳамчунин бартарию афзалияти таҳлили ҳамзамонӣ аз таҳлили дарзамонӣ зери танқид қарор гирифт (И.А.Бодуэн де Куртене, Н.С.Трубетской, Р.О.Якобсон). маҳз равиши дарзамонӣ барои фаҳмидани ташаккули системаи муайяни забонӣ мусоидат мекунад. аз ин рў, бо вуҷуди он ки баррасии ҳамзамонии забон аз дарзамонӣ муқаддастар аст; ҳар ду равишу бархурд ҳамдигарро такмил медиҳанд ва ғанӣ мегардонанд. Шарҳу тафсири дарзамонӣ ҳамчун дарку шинохти

пешина
аз 389
навбатӣ