Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

хусусиятҳои амалкарди забон дар замон, ҳамчун назарияи муҳими забоншиносӣ фаҳмида мешавад.
Дивергенсия (англ. divergence). 1. Фонологишавии тобишҳо - гунаҳои фонема бо сабаби аз байн рафтани шароитҳои мавқеӣ. 2.
Тағйиротҳои мавқеии овозҳои нутқ; тафовутҳои аллофонӣ дар ҳудуди як фонема. 3. Таҷзия шудани забон. Яке аз хусусиятҳои эвомотсияи забон, ки шеваҳои як забон аз ҳамдигар ҷудо гардида, забони мустақил мешаванд (бархилофи конвергенсия).
Диглоссия (аз юн. di – дубора ва glossa – забон). Мавҷудияти ҳамзамонии ду забон дар ҷамъият ё ду шакли як забон, ки дар соҳаҳои гуногун истифода мешаванд. Дар қиёси дузабонӣ ва бисёрзабонӣ диглоссия ҳамчун падидаи забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика) арзиши бошууронаи идиомаҳои миқёсии «баланд - паст» «мутантан - дилозор»-ро дар назар дорад.
Диереза (аз юн. Diairesis – қатъ кардан, ҷудокунӣ). Афтодани овоз ё ҳиҷо барои осон шудани талаффуз дар натиҷаи монандшавӣ ва диссимилятсия: корча-кордча, те-деҳ, бомурод-бобомурод, замбўрзанбўр, шамбе-шанбе, минералогия-минералология, трагикомедиятрагикокомедия.
Димоғишавӣ. Нишонаи фарқкунандаи тобиши димоғӣ яке аз унсурҳои системаи фонологии забони тоҷикист. Вобаста ба доро будан ё набуданашон бо ин нишона ҳамсадоҳои тоҷикӣ ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: димоғӣ (м, н) ва ғайридимоғӣ (ҳамаи ҳамсадоҳои дигар). Бо тобиши димоғӣ доро ё аз он маҳрум будани ҳамсадоҳо бо иштироки резонаторҳои даҳону бинӣ вобаста аст. Тазоди димоғӣ-ғайридимоғӣ аз ҳамсадоҳои лабӣ дар байни фонемаҳои м, б (мум: бум) ва дар гурўҳи пешизабониҳо дар байни н, д (нон-дон) мушоҳида мешавад.
Диссимилятсия (лат. dissimilation – аз ҳамдигар дур шудан). Аз ду овози якхела ё ба якдигар монанд ба овози дигар иваз шудани яке аз онҳост, ки бо овози талаффузаш дигар табдил меёбад: иҷтимоӣ-иштимоӣ,

пешина
аз 389
навбатӣ