Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

вақт-вахт. Падидаи диссимилятсияро бештар дар гуфтори хурдсолон мушоҳида мекунем: хайбуза-харбуза, дайахт-дарахт.
Дистрибутсия (англ. distribution - тавзеъ). Маҷмўи ҳамаи ҳолату мавқеъҳое, ки ин ё он воҳиди забонӣ (фонема, морфема, лексема…) мавриди истифода қарор мегирад, яъне ҷой, тартиб, пайвастшавии қисмҳои ҷудогонаи гуфтор.
Дифтонг (аз юн. diphthongos – дусадоӣ, дусадонокӣ). Садоноки мураккабе, ки аз ду унсур иборат буда, як ҳиҷоро ташкил медиҳад, ки он яклухтии фонетикиро таъмин мекунад. Хосияти фонологии дифтонг ба ду фонема таҷзия нашудани он аст. Дифтонг дар забонҳои англисӣ, франсузӣ, чинӣ мавҷуд аст. Дифтонги болораванда. Дифтонге, ки садоноки дуюми он ҳиҷосоз мебошад. Дифтонги пастшаванда. Дифтонге, ки садоноки аввалаи он ҳиҷосоз аст. Мақоми фонематикии дифтонг дар асоси меъёри забон, ки ба фонемаҳо тақсимпазирии дифтонгро муайян мекунад ва пеш аз ҳама, имконпазирӣ ва имконнопазирии марзаи морфологӣ дар таркиби дифтонг муайян карда мешавад. Вобаста ба ҳамин дар забонҳои гуногун бифонемӣ ё монофонемӣ буда метавонанд.
Ҳоло дифтонгҳо ҳоли забони имрўзаи тоҷикӣ нестанд. Аммо дар забони порсии қадим ба мушоҳида мерасад: rauca – рўз, gausa – гўш.
Дифференсиалӣ ((фарқкунанда) англ. distinctive). 1. Тафовути хоси забоншиносӣ ва муқобилгузорӣ ҳамчун яке аз тарзҳои дар низоми умумии «рафтор»-и инсон. 2. Аломатест, ки тафовутро ба вуҷуд меорад.
Дифференсиатсия (англ. differentaton). 1. Диссимилятсияи овозҳои ҳамҷавор барои фарқ кардани омонимҳо. 2. Табақабандии маъноию услубии лексика (луғат) ва маъноҳои калимаҳои ҷудогона. 3. Яке аз хосиятҳои таҳаввули (эволютсия), ки бар асари он шеваҳои забон аз ҳамдигар ҷудо мешаванд ва ба забонҳои мустақил табдил меёбанд.
Дихотомӣ (ниг.: бинарӣ).
Доминант (лат. dominans, dominants). Ҳоким, ҳукмрон. Яке аз аъзоҳои силсилаи муродифҳои калимаҳо, ки чун ифодагари маъноҳои асосии ҳамаи муродифҳо муаррифӣ мешавад ва тобишҳои маъноӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё