Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

қабилавии доғистонианд). Шаклҳои мавҷудияти забон – забони гуфтугўӣ, забони адабӣ, забони миллӣ ва забони умумихалқӣ мебошад. Таркиби луғавӣ ва сохти грамматикӣ ҷузъҳои асосӣ ва ба якдигар алоқаманди забонанд. Системаи овозии забон – фонетика (савтиёт) ҳам дар луғат ва ҳам дар грамматика истифода мешавад, зеро воситаҳои овозии забон (фонема, ҳиҷо, зада, оҳанг) вазифаи воҳидсозию воҳидшиносӣ доранд.
Забон – объекти асосии забоншиносист. Дар зери мафҳуми забон, пеш аз ҳама, забони табиии одамизодро мефаҳманд. Истилоҳи забон дорои ду маънои бо ҳам алоқаманд аст: 1. Забон ба таври куллӣ, забон ҳамчун гурўҳи муайяни системаи аломатҳо. 2. Забони мушаххаси этникӣ, системаи аломатҳои ба таври воқеӣ вуҷуддошта, ки дар социуми муайян, замон ва макони муайян истифода мешавад. Ба маънои аввалаш забон тасаввуроти муҷаррад роҷеъ ба забони ягонаи одамист, ки марказ ва таҷассумгари хосиятҳои универсалии ҳамаи забонҳои мушаххас мебошад.
Забонҳои мушаххас ба кор гирифтани (реализатсияи) умуман хосиятҳои забон аст. Забон дар марҳалаи муайяни инкишофи ҷомеаи инсонӣ системаи аломатҳои дорои хосияти иҷтимоист. Ин система барои фардҳои алоҳида не, балки барои социуми муайян муқаррар шудааст. Муҳим аст, ки забон дорои тамомияти дохилӣ ва ягона буда, системаи нимфунксионалӣ мебошад. Функсияи асосии забон ба вуҷуд овардани ҳифозату нигаҳдорӣ ва интиқолу баёни иттилоот аст. Забон шакли асосии арзиши ҷамъиятӣ доштаи инъикоси воқеияти инсонро фарогиранда мебошад, яъне шакли ҳифозати дониш роҷеъ ба воқеият ва воситаи дарёфти дониши нав роҷеъ ба воқеият. Маводи субстансиалии забон (моҳияти ҳамаи предметҳою падидаҳо) – табиати овозию акустикист, ки яке аз хосиятҳои он мебошад. Аз ҷумла мавҷудияти воҳидҳои беаломатфонемаҳо (овозҳо) ва ташкили воҳидҳои хаттӣ (морфемаҳо, калимаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳо). Шаклҳои асосии иҷтимоии мавҷудияти забонҳои мушаххас инҳоянд: идиолект, диалект. Забон иборат аз маҷмўи диалектҳо-шеваҳост.

пешина
аз 389
навбатӣ