Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Забони авастоӣ. Забони авастоӣ аз он забонҳои қадимаи эронист, ки аз он маводи фаровонтари хаттӣ то ба мо омада расидааст ва дар таҳлилу тасвири манзараи таърихии даврони қадимаи забонҳои эронӣ осори хаттии забони авастоӣ манбаи муҳимтарин дониста мешавад. Дар таҳқиқу баррасии забони порсии қадим низ осори хаттии забони авастоӣ мавқеъ ва нақши басо муҳим дорад. Дар мавриди муқоиса намудани осори хаттии забонҳои даврони қадимаи эронӣ зикри ҳамин нукта муҳим аст, ки матнҳои забони порсии қадим камтар бошанд ҳам арзиши онҳо дар он аст, ки онҳо ба даврони мустаъмал будани забони порсии қадим мансубанд, вале осори хаттии забони авастоӣ фаровонтар бошанд ҳам дар даврони баъдина таҷдид ва китобат шудаанд.
Авасто – маҷмўаи матнҳо, ситоиш ва сурудаҳо, русуму ибодати яке аз оинҳои муқаддам ва маъруфу меътабари ақвоми эронитабор – Маздоясно аст, ки тавасути Зардушти паёмбар густариш ёфта буд. Китоби Авасторо на фақат чун китоби динӣ бояд шинохт. Авасто китоби ахлоқ, фарҳанг, ҳуқуқ иҷтимоиёт аст ва ин китоб танзими кулли муносибати иҷтимоиро дар замони худ фаро мегирифт. Баъд аз густариши дини ислом дар сарзамини Эрони таърихӣ Авасто китоби ормонҳои абадии мардуми эронинажод гардид. Номи Авасто имрўз ба забоне итлоқ мешавад, ки китоби муқаддаси Авасто бо он забон навишта шудааст. Авасто китоби мукаммалу ҳаҷман калон буда, то ба замони мо сеяки он омада расидаасту халос. Анъанаи дар ҳофизаи худ пос доштану идома додани арзишҳои волои маънавӣ ва фарҳангӣ дар мардуми ориёӣ (ҳиндуэронӣ) аз қадимулайём суннат будааст, ки дар ҳиндуён низ сурудаҳои ведоӣ аввалан ба таври шифоҳӣ ва баъдан ба таври хаттӣ пос дошта шудааст ва он бидуни тағйирот то ба имрўз идома меёбад. Мо чунин ҳолатро дар барқарории ҷузҳои китоби муқаддаси Авасто низ дида метавонем. Авасто то ба имрўз дар қисматҳои зер то ба мо омадааст: 1. Ясна –(Yasna, /ǰašna/ – муарраби он, дар забони тоҷикӣ - ҷашн) – мутуни марбут ба ибодат ва қурбонӣ.
Ясна қисматҳои муҳимро фаро мегирад, ки Хом Яшт ва аз ҳама муҳим Готҳо ва «Яснои ҳафтбанд» (/Yasna – haptaŋhāti/) мебошад. 2. Виспарад /Visprat/ ва ё худ Виспарад - чун идомаи Ясна аст ва мазмуну мундариҷаи он низ мувофиқат дорад. 3. Видевдат /Videvdat/ ва ё худ Вандидат – қонунҳои зидди

пешина
аз 389
навбатӣ