Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

девон, маҷмўаи нишондодҳои суннатӣ, ки дар замонҳои баъдтар маҷмўъ шудаанд. Дар баробари ин бояд гуфт, ки ҷузъҳои ин қисмат низ хеле дар замони қадимтар сабт шудааст. 4. Яштҳо - ин қисмат гимнҳо (сурудаҳо)-ўро фаро мегирад, ки ба Худоён (фариштаҳо)-и ҷудогона бахшида шудааст. Яштҳо қисматҳои аз ҳама қадимтарини Авасторо фаро гирифтаанд. 5. Хуртак- Апастак - Хурд Авасто - маҷмўи ҷузъҳои ҷудогона аз Авасто барои истифода дар тоату ибодати рўзмарраи дастурон ва пайравони оини зардуштӣ. Ба он қисматҳои «Ашем ваҳу», «Ниранги кустик бастан», «Срош вач», «Нийайишн»

  • ниёйиш бар офтоб, моҳ, Митра –Худо, об ва оташ, «Гасанбар», «Сах рочак»
  • дуо бар рўзҳои моҳ, «Афри накан» - сурудаҳо бар идҳои ҷудогона. Ба ғайр аз матнҳои авастоӣ навиштаҳо ва шарҳу тафсироти гуногун бо забони порсии миёна мураттаб шуда, қисме аз онҳо то ба мо омада расидаанд, ки «Нирангистан» - муншаоти динӣ, «Пурсишниҳа» ва «Африни даҳман» - муншаоти динӣ ва ахлоқӣ, «Хадохт наск» - муншаот дар бораи охират, «Фраҳанги оим» - луғати авастоӣ бар форсии миёна, «Африни Зардушт», «Виштасп Яшт», «Ниранги оташ» аз онҳост. Дастхатҳои авастоӣ дар Ҳинд ва Аврупо, дар осорхонаи шаҳри Санкт-Петербург нигоҳдорӣ мешаванд.
    Дастхатҳои беҳтарин дар Копенгаген, Лондон ва Оксфорд маҳфузанд. Яке аз қадимтарин дастхатҳои авастоӣ бо санаи 1278 сабти таърихӣ дорад.
    Забони адабиёти бадеӣ – воситаи асосии тасвири ҳаёт аз тарафи нависанда. Чунончи, дар санъати мусиқӣ воситаи муҳимми тасвир оҳанг, садо, овоз аст; воситаи асосии санъати тасвирӣ ранг мебошад. Ба ҳамин қиёс дар адабиёти бадеӣ воситаи муҳимми тасвир забон аст, ки бо он нависанда образҳои бадеии худ, тасвири бадеии воқеаю ҳодисоти зиндагиро ба вуҷуд меорад, афкор ва эҳсосоти қалби худро баён менамояд. тамоми санъатҳои лафзию маънавӣ низ ба воситаи забон ифода мешаванд. Аз ин рў қимату арзиши асари бадеӣ ғайр аз воситаҳои дигари тасвир ба забон низ вобаста аст. Тамоми адибони бузурги ҷаҳон, адибони классики тоҷик низ ба забони асари бадеӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамуданд. Аҳмади Дониш (1827–1897) нигоштабуд,ки «сухан қолиби маънист, то лафз зебо набошад, маънӣ зебо намешавад». Нависанда асари
пешина
аз 389
навбатӣ