Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҳазор солро дар бар мегирад ва имтидоди он аз қарни IV то милод то қарни VII милодӣ аст. Ҳатто пас аз маҳдуд шудани имконоти забони порсии миёна, махсусан, пас аз истилои араб ин забон чун забони дорои хат истифода мешуд.
Беш аз ҳама ин забон аз тарафи дастурону пайравони оини Зардушт истифода мешуд. Чунонки инкишофи таърихии забонҳои эронӣ ба се давра тақсим мешавад, забони порсии миёна қисмати мобайнии инкишофи забонҳои муосири тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ мебошад. Дар манбаъҳои илмию таърихӣ ва адабӣ ин забон бономи «паҳлавӣ», «забони паҳлавӣ» низ зикр мешавад, ки ин аслан аз /pahlavi < pahlavik/ - мутаносибан аз Pahlav < Parava (Парфия ё худ парфиёнӣ) аст. Аввалан «паҳлавӣ» як навъи хат буда, ки дар аҳди Сосониён мустаъмал буд, ки баъдан як забону адабиёти маъруф чунин номида шуд, ба монанди «забони паҳлавӣ» ва «адабиёти паҳлавӣ». Қайд кардан зарур аст, ки забони порсии миёна забони давлати Парфия набуда, аз забони парфиянӣ (портӣ) фарқ дорад. Забони порсии миёна ва парфиянӣ (портӣ) забонҳои ба ҳам наздик буда, аввалӣ ҷанубии ғарбӣ аст ва дуввумӣ шимолии ғарбист.
Бинобар ин дар забоншиносии муосир мафҳумҳои забони порсии миёна, забони парфиянӣ (портӣ) ва хатти паҳлавӣ, алифбои паҳлавӣ мустаъмал аст.
Забони сакоии хутанӣ. Забони сакоии хутаниро муҳаққиқон дар асри ХХ кашф карданд. Осори хаттии ин забон аз Туркистони Шарқӣ пайдо карда шуда, дар омезиши он муҳаққиқон Э. Лейман, Н.Лейман, С.Камов, Г.В. Дейли, Р.Эмирк ҳиссаи арзанда гузоштанд. Дар омезиши ин забон, бахусус, дар солҳои 60-уми саддаи ХХ муваффақиятҳои назаррас ба даст омад.
Ориёнажодони воҳаҳои Хутан, шояд боқимондаҳои қисми аз сакоиҳое буданд, ки ба ҷониби Ҳинд ҳаракат мекарданд. Сарчашмаҳои чинӣ бунёди Хутанро ба асри III пеш аз милод нисбат медиҳанд. Бар муқобили дахолату ҳуҷумҳои чиниён ва туркони бодиянишин, ҳайтолиён ва тибетиҳо мубориза бурда ҷони хутаниён дар давоми беш аз ҳазор сол мустақилияти худро нигоҳ дошт.
Мувофиқи маълумоти муаррихи чинӣ Сюан Сзян хутаниён мардуми хушзавқ буда, ба санъат рағбати беандоза доштаанд. Забони сакоии хутанӣ ба гурўҳи забони сакоӣ дохил мешавад. Аз рўи сарчашмаҳои мавҷуда забонҳои зерин ба ин гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешуданд: 1. Сакоии хутании давраи аввал –

пешина
аз 389
навбатӣ