Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

дар ҳазораи I мелодӣ дар навоҳии Хутан дар ҷануби саҳрои Такла-Макан паҳн шуда аз осори ин забон компендиуми будоии «Китоби Замбаст», инчунин матнҳои дигар. 2. Сакоии хутании давраи баъд – шакли хеле суфта, такмилёфта ва дигаргуншудаи хутании давраи аввал аст, ки тақрибан дар навоҳии Турфон паҳн шуда буд. Осори боқимондаи он аз ҳуҷҷатҳои расмӣ матнҳои буддоӣ иборат аст. 3 Сакоии муртукӣ – дар шимоли шарқии Қошғар паҳн шуда осори зиёди осонфаҳм (ба туфайли матни забонҳои дигар) аз ин забон боқӣ мондааст. 4.Сакоии тумушкӣ – он низ дар шимоли шарқии Қошғар паҳн шуда, дар нимаи дуюми ҳазорсолаи I милодӣ истифода мешуд.
Муносибати он бо забони сакоии муртукӣ хеле наздик аст ва идомаи он мебошад. 5. Сакоии ҳиндӣ – забони ғосибон – шакҳо, мебошад, ки ҳамагӣ бо чанд калима шинохта шудааст: horaka – теҳфакунанда, sāhānu sahi – шоҳи шоҳон. 6. Сакоии кирорайинӣ – дар шарқи Хутан паҳн шуда буд ва он аз рўйи иқтибосоти зиёдаш аз забони крорайинӣ шинохта шуд. 7. Сакоии қошғарӣ забонест, ки танҳо аз рўйи сарчашмаҳои бавосита шинохта шудааст. Он дар ғарбии Қошғар паҳн шуда буд. Ба забонҳои сакоӣ умумияти луғавӣ ва сохти грамматикӣ хос аст. Хусусияти фонетикии ин гурўҳи забонҳо онҳоро аз гурўҳи забонҳои ғарбии эронӣ ва ҳам шарқӣ худо мекунад: гузариш байни – ft > -wδ – сакоии хутанӣ: hauda, сакоии тумушкӣ: hoda – ҳафт.
Забони скифии сарматӣ. Тоифаи скифии сарматӣ асосан дар шимоли Баҳри Сиёҳ ва резишгоҳҳои дарёҳои Дон, Дунай, Днепр ва Днестр сукунат мекарданд. Маводи дар ҷануби Руссия, соҳилҳои шимоли Баҳри Сиёҳ то баҳри Каспий ба даст омада дақиқ собит месозанд, ки элементҳои эронӣ дар сохтори забони скифии сарматӣ ҷой доранд. Мутаассифона, ин мавод хусусиятҳои забони скифии сарматиро (сакоиро) муккамал нишон дода наметавонад.
Дорошоҳ сакоиҳоро ду тоифа медонад ва онҳоро «saka tigra xauda» - «сакоиҳои тезхед» ва «saka uparna draya» - «сакоиҳои он тарафи дарё» меномад. Дар манбаъҳои таърихии гузашта тоифаи скифии сарматӣ бо ду ном зикр мешавад:
Забони скифии сарматӣ аз шеваю гўишҳои гуногун иборат будааст, аммо манбаи боэътимодеро, ки исботи чунин фикр бошад имрўз дарёфт намудан мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё