Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Номҳои скифии сарматӣ дар сангнавиштаҳои юнониёни қадим дар шаҳрҳои Танаида, Горгиппия, Пантикапея ва Олвия, ки аз тарафи коргарони кироя, ғуломон ва асирон бунёд шудаанд, бештар вомехӯранд. Ақвоми эронии соҳилҳои шимолии Баҳри Сиёҳ бо шеваю лаҳҷаҳои гуногун сухан мекарданд, аммо дар баробари ин умумияти ягонаи шомили ин ё он забон дар он шеваҳо будааст. Ҳеродот скифҳо ва сарматҳоро худо карда мегўяд, ки дарёи Танаис (Дон) онҳоро аз ҳам худо мекунад. Ҳамчунин Ҳеродот қайд мекунад, ки забони скифҳо тозатар ва бо забонҳои бегона омехта нашудааст, аммо забони сарматӣ бо унсурҳои забонҳои бегона олудатар аст. Ҳамчунин дар манбаъҳои таърихи гуногун қавмҳои язигҳо, аорсҳо, сиракҳо, аланҳо ва раксоланҳо зикр шудаанд, ки аз ақвоми эронии соҳилҳои шимолии Баҳри Сиёҳ Моварои Қафқоз дониста шудаанд. Аз тарафи муҳаққиқони аврупои Й. Харматта ва Л.
Згуста доир ба хусусиятҳои забони скифҳо ва сарматҳо тадқиқоти мушаххас бурда шуд. Л. Згуста ба чунин хулоса меояд, ки ин забон асосан дорои ду гўиш буда, яке қадимтарин ва дуввумиро сарчашмаи забон нав гуфтан мумкин аст.
Ба ин андеша олимони дигар низ мўътақиданд ва забони скифӣ дар ҳолати матрукшавӣ бо забони навташаккулёфтаистодаи сарматӣ дар як давраи муайян мустаъмал будааст. Дар бораи забони скифии сармати забоншиноси маъруфи собиқ Шўравӣ – В. И. Абаев тадқиқоти нисбатан муккамал бурдааст. E дар ҳаҷми 40 саҳифа луғати калимоти скифии сарматиро мураттаб намуда, шарҳи онҳоро низ овардааст.
Забони сохта - мафҳумест, киаз ҷониби футуристон (ҷараёни адабӣ дар Италия, ки соли 1909 ба вуҷуд омада буд) пешниҳод шуда буд.
Ҷонибдорони забони сохта талаб мекарданд, ки шоир бояд на фақат бо забони умумӣ, балки инчунин бо забони шахсан эҷодкардаи худ – «забони сохта» низ фикри худро баён намояд. Назариячиёни забони сохта аз моҳияти асосии калима даст кашида, забонро ба таркиби калимаҳои бо дигарон номафҳум, яъне ба забони «худ» табдил медоданд. Забони сохта забони назми футуристӣ буда, намояндагони он эҷоди адабиро ҳамчун протсеси забонихтироъкунӣ медонистанд.

пешина
аз 389
навбатӣ