Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

ки тибқи тадқиқотҳои археологӣ ба асрҳои IV – III то милод мансуб аст. Ин навишта аз як калима иборат буда, онро қадимтарин навиштаҷот дар Осиёи Миёна шуморидан мумкин аст. Илова бар ин муҳимтарин сарчашмаҳо дар бораи забони хоразмӣ навиштаҷотҳои ҳуқуқии бо забони арабӣ китобатшуда мебошанд, ки ба ҳуқуқшиноси хоразмӣ Мухтор Зоҳид ал- Ғазминӣ, дар асари e «Кунйат-ал-Мунйа» мутааллиқ аст. Дар ин навиштаҷотҳо таъбироту истилоҳот, калимаҳои ҷудогона бо забони хоразмӣ оварда шудаанд, ки ба масоили никоҳ, талоқ, қасам мутааллиқ буда, теъдоди онҳо то ба се ҳазор мерасад. Замони навишта шудани манбаъҳои зикршуда ба асри ХІІІ мансуб аст. Ҳамчунин, баъзе таъбироту истилоҳоти гуногуни мансуб ба забони хоразмӣ дар луғати арабию форсии Замахшарӣ (асрҳои ХІ – ХІІ) «Муқаддимат-ул-адаб» дида мешавад. Тақвимҳо ва истилоҳоти улуми «нуҷум» бо забони хоразмӣ дар «Осор-ул-боқия»-и Абўрайҳон Берунӣ оварда шудаанд. Дар ин китоб дар бораи идҳо ва баъзе расму оини хоразмиён сухан гуфта шудааст. Дар манбаъҳое, ки бо ҳуруфоти арабиасос навишта шудааст, зимни сабти калимоту истилоҳоти забони хоразмӣ аломатҳои ифодакунандаи овозҳои хоси хоразмӣ низ истифода шудаанд. Аз рўи маълумоти Абӯрайҳон Берунӣ бармеояд, ки ҳанўз дар асрҳои Х-ХІ забони хоразмӣ матрук набуда, қисме аз мардуми Хоразм бо ин забон сухан мегуфтанд. Дар ин даврон эҳтимол хоразмиён дузабона буда, тадриҷан забони туркӣ ҷои забони хоразмиро гирифтааст. Соли 1927 муҳаққиқи турк Аҳмад Закӣ дар бораи мавҷуд будани матнҳо ва дастнависҳои забони хоразмӣ маълумот дод.
Тадқиқотҳои муҳимтарин дар бораи забони хоразмӣ ба А.А.Фрейман «Хорезмийский язык» (1951) ва В. Ҳеннинг «Mitteliranisch» мутааллиқанд.
Забони шартӣ, тарзи махсуси суханронӣ, ки дар натиҷаи ба таври сунъӣ талаффуз кардани калимаҳои муқаррарӣ ҳосил мешавад. Чунин тарзи гуфтор дар байни бисёр халқҳои ҷаҳон васеъ паҳн шудааст. Забони «заргарӣ», ки дар он ҳар як ҳиҷои муқаррарӣ бо ҳиҷои «з»-дор талаффуз мешавад, то андозае машҳур аст. Мас., ифодаи тоҷикии «Рўзи якшанбе ман ба музей рафтам» чунин ифода мешавад: «Рўзўизи язакшазанбезе мазан база музузезей разафтазам». Дар фарҳангҳои форсию тоҷикӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё