Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

забони шартӣ бо номи лутар, лутаре, лутаро низ омадааст. Дар забонҳои тоҷикӣ, яғнобӣ, ўзбекӣ бо истифодаи ҳиҷоҳои гуногун аз қабили алдар, илдир, улдур забони шартӣ сохта мешаванд: «Илдираимрўз ҳалдараҳаво галдарагарм шулдурашуд» (Имрўз ҳаво гарм шуд). Забони шартиро бештар кўдакон ва ҷавонон (махсусан духтарон) истифода мебаранд.
Онро ба қатори забонҳои махфӣ дохил кардан нашояд. Забони шартӣ танҳо як навъ бозии махсуси забонист.
Забонҳои агглютинативӣ, забонҳое, ки воситаи асосии калимасозии онҳо агглютинатсия мебошад. Базабонҳои агглютинативӣ забонҳои туркӣ, финӣ-угорӣ, тунгусӣ-манҷурӣ, кореӣ, японӣ, қисми забонҳои ҳиндуҳои Амрико ва баъзе забонҳои африкӣ мансубанд. Бар хилофи забонҳои флективӣ дар забонҳои агглютинативӣ агглютинатсия соф хуссуияти фонетикӣ дорад. Дар забонҳои агглютинативӣ пешванду пасвандҳо фақат як маънӣ доранд ва барои ифодаи ягон маънои грамматикӣ танҳо як пешванд ё пасванд хизмат мекунад; омезишу махлутшавии морфемаҳои калима имконпазир аст. Унсурҳои агглютинатсия дар забонҳои флективӣ низ мавҷуданд.
Забонҳои аналитикӣ, типи (навъи) забонҳое, ки дар онҳо муносибатҳои грамматикӣ на тавассути тағйири шакли калима (чунонки дар забонҳои синтетикӣ мушоҳида мешавад), балки бавоситаи калимаҳои ёридиҳанда, тартиби калимаҳои мустақилмаъно, оҳанги ҷумла ва ғайра ифода мегардад. Дар забонҳои аналитикӣ калима (ба истиснои феъл) тасриф намешавад, шаклан тағйир намеёбад. Аслан ва таърихан забонҳои соф аналитикӣ ва соф синтетикӣ вуҷуд надоранд. Масалан, дар забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи забонҳои аналитикист, илова бар хусусиятҳои аналитикӣ баъзе унсурҳои синтетикӣ низ (махсусан дар феъл) мушоҳида мешаванд: Ман хондам – мо хондем, китобам-китобат-китобаш. Дар ҷараёни инкишофи таърихӣ дар забонҳои аналитикӣ унсурҳои синтетикӣ ва баръакс дар забонҳои синтетикӣ ба вуҷуд омада, доираи истифодаи унсурҳои синтетикиро тадриҷан маҳдуд мекунанд ва бо мурури замон бар онҳо ғолиб меоянд. Мисоли равшани ин забонҳои тоҷикию форсист, ки

пешина
аз 389
навбатӣ