Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Забонҳои нави эронӣ. Забонҳои эронӣ дар давоми қариб ду ҳазор сол, пас аз худо шудан аз шохаи бузурги ориёӣ (ҳиндуэронӣ) то ба ибтидои давраи нав (асрҳои VIII-ІХ) зинаҳои гуногуни таҳавулоту инкишофро тай намуд. То ба ин даврон забонҳои эронӣ аз ҷиҳати сарфиву наҳвӣ ва дигар хусусиятҳои забонӣ ва ҳамзамон аз ҷиҳати мақому манзаллат хеле пештар рафтанд. Ағлаби забонҳои даврони миёна забони давлативу расмӣ (порсии миёна, суғдӣ, бохтарӣ, пафиянӣ) буданд. Забони суғдӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ густариш ёфта, дар қаламрави Роҳи Абрешим забони муошарати халқияту қавмҳои гуногун ва махсусан турку эронӣ буд. Мақоми забони суғдӣ дар густариши дину оинҳои насронӣ, буддоӣ низ намоён аст. Ҳатто хоқонҳои турк бар он мусоидат мекарданд ва ашрофону акобиронашон бо ин забон ҳарф мезаданду менавиштанд. Забонҳои эронии даврони миёна забони илму фарҳанг, дину мазҳаб ва савдову тиҷорат буд. Азбаски эронитаборон аксарият шаҳрнишин буданд, забонашон низ аз тарфи халқиятҳои гуногуни кӯчиву саҳронишин омехта мешуд. Истилои Араб самти инкишофу пешрафти ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардуми эрониро тағйир дод. Арзишҳои гаронқадри маънавию фарҳангӣ, расму оин, мазҳабу суннати асили эрониён бо роҳи зӯриву зулм ҷои худро ба арзишҳои дигар дод. Навиштаҳои муқаддас, манобеи хаттӣ, осори гуногуни диниву дунявӣ ба куфру зиндиқа маҳкум шудаанд. Ҳар кас, ки бар дину мазҳаб ва эътиқодоту имони худ устувор буд аз ин сарзамин бадар рафт. Гурўҳи дигаре зоҳиран дину мазҳаби навро қабул доштанду бо роҳи пинҳониву пардапешона ва мармуз сухан мекарданд.
Хуллас, он ки бар дину имон, маънавиёту эътиқодоти худу гузаштагони худ қоим буд дар ин марз намонд. Мубориза бо арабҳо садсолаҳо давом кард, аммо рафта-рафта ихтилофоти диниву фарҳангӣ ба омезиши арзишҳои маънавӣ ва осоиши ин сарзамин оварда расонд. Забони порсии миёна мақоми худро чун забони давлати сосонӣ ва забони дини зардуштӣ аз даст дод. Дар як даврон муайян забони арабӣ ҷои забони порсии миёнаро гирифт. Мақоми сиёсиву давлатӣ пайдо кардани ашрофони маҳаллӣ дар хилофати Араб, ташаккул ёфтани минтақаҳои нави маъмуриву сиёсӣ, муносибати нави иҷтимоию тиҷоратӣ ва фарангӣ ба ташаккулёбии забонҳои нави эронӣ мусоидат кард.

пешина
аз 389
навбатӣ