Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

«Аз доираи истеъмол баромадани забони порсии миёна барои ривоҷу равнақи забони умумихалқии давраи сосонӣ - дарӣ заминаи мусоиде тайёр кард.
Забони дарӣ дар Хуросон дар натиҷаи омезиши лаҳҷаҳои ҷанубӣ-ғарбӣ, ки ба порсии миёна хеле наздик буданд ва забони парфиёнӣ (аз гурўҳи лаҳҷаҳои шимолӣ-ғарбӣ) пайдо шудааст». Аввалин бор Саффориён (851 - 900) кўшиш намуданд, ки забони дарӣ ба ҳукми забони расмӣ мақом пайдо намояд. Аҳди Сомониён даврони рушду нумӯъ ва ба мақоми забони расмии давлатӣ баромадани забони дарӣ гардид. Аз адабиёти даризабони ин даврон, ки баъд бо алифбои арабиасос китобат шудааст то ба имрўз теъдоди фаровони осори хаттӣ омада расидааст. Алифбои арабӣ бо илова намудани чор ҳарф – p, č, ž, g барои навиштани осори хаттӣ ба забони дарӣ истифода мешавад. Дар таркиби луғавии забони дарӣ калимаҳои иқтибосӣ аз забони суғдӣ ва парфиёнӣ хеле фаровон буданд. Ҳамин тавр, давраи нави забонҳои эронӣ аз асрҳои VIII-ІХ оғоз мегардад. Теъдоди забонҳои нави эронӣ имрўз ба 40 мерасад. Минтақаҳои паҳншавии онҳо имрўз асосан Эрон, Осиёи Марказӣ, Моварои Қафқоз ва Чин мебошад. Забонҳои эронии нав имрўз дар Тоҷикистон
- тоҷикӣ, яғнобӣ, гурўҳи забонҳои помирӣ (шуғнонӣ, рўшонӣ, ишкошимӣ, язғуломӣ, сарикўлӣ), дар Афғонистону Покистон - дарӣ, пашту, балуҷӣ, мунҷонӣ, парочӣ, ормурӣ, дар Эрон - форсӣ, гелонӣ, курдӣ, мозандаронӣ, гелонӣ, зазӣ, гўронӣ, лурӣ, бахтиёрӣ, хунсарӣ, кошонӣ, габрӣ (йаздӣ ва кирмонӣ), севандӣ, қундузӣ, давонӣ, курдшулӣ, башқардӣ, қумзарӣ, дар Моварои Қафқоз - осетинӣ, тотӣ ва толишӣ мебошанд. Агар ҳамаи шеваю гӯишҳо дақиқан номбар шаванд, теъдоди онҳо зиёдтар мешавад.
Забонҳои матрук, забонҳое мебошанд, ки айни замон дар гуфтору навиштор истифода намешаванд ва маъмулан танҳо дар осори хаттӣ маълуманд. Ҳодисаи аз байн рафтани як забон ва ба ҷойи он пайдо шудани забони дигар дар таърихи инкишофи забонҳо бисёр рўй додаст.
Дар муддати ҳазорсолаҳои 5 ва 2 то милод дар Байнаннаҳрайн ва осиёи Хурд забонҳои шумерӣ, эломӣ, матанӣ, хаттӣ, бобулӣ-ошурӣ ҳукмрон буданд, ки баъдтар ҷойи онҳоро дигар забонҳо гирифтанд. Чунин ҳолат дар гўшаю канорҳои дигари дунё (пайдоиши забонхои туркӣ дар қисмати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё