Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ғарбии Осиё ва Европа, интишори забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар Америка ва Австралия) низ маълум аст. Забонҳои матрукро ба ду гурўх ҷудо мекунанд: 1) забонҳое, ки ба куллӣ аз байн рафтаанд (мас., шумерӣ, бобулӣ-ошурӣ, забони модӣ, портӣ ва ғ.); 2) забонҳое, ки дараҷаи аввали инкишофи забонҳои имрўза (мас., забонҳои қадими англисӣ, юнонӣ, форси қадим – шакли қадими забонҳои ҳозираи англисӣ, юнонӣ ва форсию тоҷикӣ) буданд. Баъзе забонҳои матрук (хеттӣ, тахорӣ, авестоӣ, санскрит ва ғ.) бо осори хеттӣ, қисми дигар бо як микдор калима (модӣ, скифӣ) ва чанде танҳо бо ном маълуманд. Дар гўшаву канорҳои гуногуни дунё осори зиёди хаттӣ кашф карда, бо кўшиши донишмандон баъзе аз онҳо хонда ва маънидод карда шудаанд. Хондан ва муайян кардани забони чанде аз онҳо (матнҳои протоҳиндӣ, хати рўи курси Фест, ёдгориҳои хаттии ҷазираи Пасха) то ҳол ба олимон муяссар нашудааст.
Аз баъзе забонҳои матрук осори хаттӣ маҳфуз мондааст. Мас., забони лотинӣ ҳанўз дар асри V аз истеъмол баромада буд, аммо дар асрҳои миёна ва ҳатто дар асри ХХ чун забони илм, фарҳанг ва дин истифода мешавад. Ҳамчунин забони авестоӣ (ҳангоми маросимҳои динӣ), забони суриёнӣ (чун забони дин) истифода мешаванд. Омўхтани забонҳои матрук барои муайян кардани нуктаҳои таърих, тамаддун, урфу одат кўмак мерасонад. Шиносоӣ бо забонҳои матрук (дар аввали асри XIX ба роҳи ба вуҷуд овардани забоншиносии муқоисавию таърихӣ нақши калон бозидааст.
Забонҳои оморфӣ (юн. a – «бе» ва morphe – «шакл»), забонҳое мебошанд, ки тағйири калима дар ҷумла имконпазир буда, муносибатҳои грамматикии калимаҳо ба воситаи тартиби онҳо дар ҷумла муқаррар мегардад. Калима дар забонҳои оморфӣ фақат аз реша ё асос (яъне реша бо вандҳои калимасоз) иборат буда, ҳамзамон ҳам предмет, ҳам аломат ва ҳам амалро ифода мекунад, ки он шаклҳо аз ҷиҳати сохт аз ҳамдигар фарқ надоранд. Дар забонҳои оморфӣ барои алоқамандии калимаҳо дар ҷумла инчунин калима-решаҳое, ки дар матн маънои худро гум карда, ба ҳиссаҳо (калимаҳо)-и ёридиҳанда пешоянд ва пасояндҳо табдил ёфтаанд,

пешина
аз 389
навбатӣ