Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ба прокуратура бошад, ба прокуратура, - гӯён Раҷабов тугмачаи селекторро пахш намуда навбатдорро дар ин бора ҳушдор сохт.
-Соате пас.
-Бале соате пас, - гӯён муовини сардор алоқаро бо навбатдор қатъ намуд.
-Набошад, ба мо рухсат, рафиқ подполковник, - гӯён муфаттиши прокуратура аз ҷой бархест.
-Ба шумо, инро чӣ хел фаҳмондан мумкин?
-Ба таври ростхата.
-Яъне, капитанро ҳам бо худ мебаред.
-Аслан қувваи муштро аз мутаҳиддии ангуштон медонанд, рафту нуқтаи назари шумо дар ин ҷода дигархелтар бошад, ман танҳо меравам.
-Не, ҳаргиз чунин нест, - гӯён Раҷабов бо нигоҳе бандаро ҳушдор сохт, ки муфаттишро ҳамроҳӣ кунам.
Сари роҳ мо ба қаҳвахонае даромада, тановули пагоҳирӯзӣ намудем, ҳарчанд ақрабаки соат ба ёздаҳ наздик мешуд. Сипас ба прокуратура рафтем ва дар дафтари кории Нӯшини Азиз овардани Матлубаи Гурезро интизор шудем...
...26...
Замоне, ки муфаттиши прокуратура сари мизи кориаш нишаста, барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои парвандаи ҷиноӣ талош дошт, банда пеши тиреза рафта ба берун назар дӯхтам.
-Ӯро оварданд? - нигоҳи беохири манро ҳис намуда овоз рӯшан намуд Нӯшини Азиз.
-Не.
-Беҳтар мешуд, ки ба курсӣ нишаста истироҳат мекардед, - гуфт муфаттиш.
Кинояи ӯро фаҳмидам. Охир тиреза аз қафои вай буд ва бо ин амали хеш банда садди роҳи ба дафтари кори ворид шудани рӯшноӣ гардида будам. Дигар каломе ба забон наоварда, аз назди тиреза дур шудам.
-Ман ҳеҷ чизро нафаҳмида истодаам, - нигоҳашро аз болои ҳуҷҷатҳо бардошта ба сӯям нигариста гуфт муфаттиш.
-Чӣ хел?

пешина
аз 429
навбатӣ