Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чун ҳама гуфтаҳои ӯ бархилофи нишондоди собиқ ҳамсараш мебошад.
-Пас, чаро онҳоро дар асоси талаботи қонун рӯ ба рӯ накардед?
-Чунки далеле баҳри ҳимояи як тараф ё гунаҳкор намудани тарафи дигар дар даст надорем. Дар рӯбарӯкунӣ бошад, онҳо боз ҳамин суханони хешро такрор мекарданд.
-Ҳамааш аз бад бадтар шуд гӯед.
-Намедонам, - иқрор шуда гуфт муфаттиши прокуратура.
-Хуш, рафиқ капитан, ба инаш чӣ мегуед?
-Акнун бо шумо ҳамақидаам, рафиқ подполковник.
-Нафаҳмидам.
-Дирӯз шумо гуфтед, ки собит намудани дараҷаи гуноҳ аз боздошти ҷинояткор мушкилтар аст.
-Инро ман не, балки таърихи юриспруденсия собит намудааст, вале ин ҳама асос шуда наметавонад, ки нобарориҳои ҳаррӯзаи корро мо ба рафти таърих шабеҳ диҳем.
-Ҳаргиз мо ба гузашта аз таппонча тир нахоҳем зад, баръакс ба гузашта мо як эҳтироми хосае дорем.
-Сабаби чунин эҳтиром чист?
16
-Ба андешаи имом Шомил “касе ки ба гузашта аз таппонча тир мезанад, оянда ба ӯ аз тӯп ҷавоб хоҳад дод,” вале худи мардуми мо ба ин савол одитару зеботар посух гуфтаанд.
-Кулӯхандозро подош санг аст, ҳамин хел?
-Ҳамин хел.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, дар сурати гунаҳкор буданаш ӯро аз ҷазо роҳи гурез нест.
-Ҳеҷ кишт нодаравида намондааст.
-Фалсафаи зиндагӣ ҳам ҳамин аст. Чун Матлубаи Гурез дар хонаи қабули шаҳрвандон аст, мехостам бо ӯ аз нав суҳбат намоед, барои ин гумон мекунам вақти чандон зиёд лозим нест.
-Хуб мешуд, ки соате пас ӯро ба прокуратура меоварданд.

16 Нафаре, ки си сол баҳри истиқлолияти мардуми Қафқоз бо Русия ҷангидааст.

пешина
аз 429
навбатӣ