Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Дишаб ману Раҷабов аз бекорӣ сабти суҳбати дирӯзаи шуморо бо Матлубаи Гурез гӯш намуда, мавриди таҳлил қарор додем. Ба замми ин, сабти суҳбати вайро бо шавҳараш ҳам гӯш намудем, ҳарчанд сабти дуюм чандон сифати аъло ҳам надошт, вале онро фаҳмидан мумкин буд.
Дар он гуфтори хоса зан ҳамсарашро гунаҳкор карданӣ мешуд, ба ҳар ҳол мо ба чунин хулоса омадем.
-Акнун онҳо тайёранд ки гулӯи ҳамдигар бидаранд. Ман мехостам дар ин бора нуқтаи назари хешро бигӯям, вале касе ба дар ангушт заду суханам ногуфта монд.
-Марҳамат, - овоз рӯшан намуд муфаттиш.
Сержанти милиса Ёров дарро кушода, аз овардани Матлубаи Гурез хабар дода, интизори амри навбатӣ шуд.
-Бигузор дарояд, - гуфт муфаттиш ва барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои болои мизи кориаш дасту остин барзад.
Ёров аз дар берун шуд ва баъди як дақиқа аз нав ҳамроҳи Матлубаи Гурез вориди дафтари кории Нӯшини Азиз гашт.
-Марҳамат гузашта нишинед, - бо ишораи даст муфаттиш курсиеро дар рӯ ба рӯи банда ба Матлубаи Гурез нишон дода.
-Рафиқ сержант, шумо ба идора равед, рафту лозим шуда монед, мо занг хоҳем зад, - ба Ёров рухсати рафтан додам ман.
-Итоат, рафиқ капитан.
-Ному насаб?
-Матлубаи Гурез.
Муфаттиш дубора ҳамин он талаботҳое, ки доир ба солу моҳ, ҷой таваллуду истиқомат, ҳизбият, ҷой кор омада буд, болои протоколи пурсиши шоҳид аз суханони мусоҳибаш сабт намуда, ӯро барои надодан ё додани нишондоди бардурӯғ огоҳонида, имзояшро гирифта гуфт:
- Шуморо ҳеҷ нафаҳмидам.
-Чӣ хел нафаҳмидед?
-Ин бори сеюм аст, ки банда бо шумо сари суҳбат қарор дорам ё гапам нодуруст?
-Дуруст, - сухани муфаттишро тасдиқ намуд Матлубаи Гурез.
-Дар асл ин пурсиши чоруми шумост, ҳамин хел?
-Ҳамин хел.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо