Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳангоми суҳбат бо рафиқ капитан шумо ҳамаи он ду суҳбати аввалаи хешро бо ман қариб инкор намудаед, дурусттараш нишондоди ба капитани милиса додаатон бар хилофи нишондодҳои аввалаатон аст.
-Мо ҳамин хел бе протокол суҳбат намудем.
-Чӣ фарқ дорад, ки суҳбат расмӣ аст ё ғайрирасмӣ? Гумон мекунам, шумо бояд дарк намуда бошед, ки нишондоди бардурӯғ фоҷиаеро пеш меорад.
-Чӣ хел фоҷиа?
-Барои ҳодисаи дар даҳлези хонаатон рухдода шумо гунаҳкоред, вале ба ҷои ҳақиқатро рӯи об баровардан кӯшиш ба харҷ медиҳед, ки садди роҳи тафтишот гардед ё ба таври дигар гӯем, тафтишотро аз роҳи рост баровардан мехоҳед.
-Ман?
-Бале шумо, бинобар ин суҳбати дар пеш истодаро мо ба лентаи овоз сабт мекунем...
Муфаттиш аз ҷевони мизи кориаш диктафони хурдакаки тамғаи “Сони”-ро бароварда, болои миз гузошта, нигоҳашро ба тарафи мусоҳибаш дӯхта гуфт:
-Ҳақиқат дер ё зуд рӯи об мебарояд, ҳамин ҳолатро дар вақти сухан гуфтан аз хотир набароред.
-Мефаҳмам.
-Ҳа, дарвоқеъ, ба бахти шумо, ки суҳбати бо капитани милиса доштаатон характери расмӣ надошт, вагарна ҳамон басанда буд барои нишондоди бардурӯғ додаатон шуморо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Аминам, ки ҳамаи инро ба инобат мегиред.
Акнун мо донистан мехоҳем, ки чаро шумо дар бораи ба гарав гирифтанатон дар суҳбатҳои аввал сухане ба забон наовардед?
-Ҳамаи инро сабаб он буд, ки он рӯзҳо ман ҳанӯз умедамро аз зиндагии якҷоя бо шавҳарам наканда будам. Дурусттараш, ман умед доштам, ки шавҳарам боре бандаро гӯш намуда, сипас сухани охирини хешро мегӯяд.
-Ин ҳануз ҷавоб нест.
-Чаро?
-Чунки аз нигоҳи атрофиён ҳам шумо ба тақдири хеш худатон хатти батлон кашидед.

пешина
аз 429
навбатӣ