Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Дуруст, ки ман ба шавҳарам хиёнат кардам, вале ин ҳанӯз маънои гунаҳкор будани бандаро надорад.
-Чӣ хел?
-Модоме ки шумо донистани ҳақиқатро мехоҳед, пас бояд ба рафти худи ҳодисаҳо аз нигоҳи ҳақиқат баҳо диҳед.
-Шумо ҳақиқатро гӯед, бигузор он талх ҳам бошад. Мо бошем сипас нуқтаи назари хешро ба он на танҳо аз нигоҳи қонун, балки аз нигоҳи инсони бетараф баён хоҳем кард.
-Дар ин бора ман дирӯз бо рафиқ капитан ҳамаашро гуфта будам.
-Чун мо суҳбатро сабт намуда истодаем, шуморо аз такрори он роҳи гурез нест.
-Чӣ илоҷ, модоме ки роҳи дигар набошад, - гӯён Матлубаи Гурез нигоҳашро аз нигоҳи банда гурезонда, муддате сар ба зер афканд. Аз нигоҳаш дарёфтам, ки дирӯз ҳангоми суҳбат ӯ аз ман ҳақиқтаро пинҳон кардааст. Баҳри аз хиҷолат берун оварданаш ду мисраъеро аз абёти гузаштагон ба забон овардам:
-То дарнарасад ваъдаи ҳар кор, ки ҳаст, Зӯраш нарасад ёрии ҳар ёр ки ҳаст...
Ба фикрам, фаҳмиши ӯ дар назм чандон бад набуд, ки нигоҳашро аз фарш барканда пурсид:
-Яъне шуморо дигар ғуборе дар дил нест?
-Нест.
-Аслан на ҳамаи гуфтаҳои банда аз ҳақиқат дуранд.
-Мо шуморо гӯш мекунем, - мусоҳибашро баҳри ба ёд овардани саргузашташ ҳидоят намуд Нӯшини Азиз.
-Он рӯз ман аз бозори “Корвон” баромадам. Сабаби ба бозор рафтанам ба зангҳои телефонӣ ҷавоб надодани шавҳарам буд. Ин бори якум ҳам набуд, ки ман хиёнати вайро дар нисбати хеш ҳис менамудам. Чун вақтҳои охир ба хона ниҳоят дер меомад ва муносибаташ чун пештара, яъне солҳои аввали хонадоршавиамон гарм набуд, гумон намудам, ки ӯро ёри дигаре ҳаст, вале инро хеле баъд дарк намудам, ки айб на дар ош, балки дар мош будааст.
-Рӯшантар гап занед, вагарна мо ҳеҷ чизро нафаҳмидем.
-Чӣ хеле гуфтам, аз бозори “Корвон” баромада ба тарафи роҳ ҳаракат намудам, ногоҳ дар болои як таксие навиштаҷоте дидам:- “Корвон-кӯчаи Бинокорон”. Чун аз ҷои зисти мо то ба бозори “Корвон” рафтан ҳатман ба ду намуди нақлиёт нишастан лозим меомад, дидани ин манзара хушам омад ва дари қафои таксиро кушода пурсидам, ин сайрхати нав аст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо