Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Бале, - хонум гуфт ронанда, - ҳамин субҳ ин сайрхатро кушоданд ва барои мусофирон имрӯз тахфифи 50 фоиза. Дар ҳамин асно мусофири дигаре пайдо шуда, айнан чун банда дар бораи сайрхати нав пурсон шуд ва чун фаҳмид, ки нархи хизматрасонӣ панҷоҳ фоиз арзон шудааст. паҳлуи ронанда нишаста гуфт:
-Ака, вақтам кам, тезтар аробаатро ба роҳ дарор.
-Хонум агар шумо рафтанӣ набошед, мусофирро бурданам лозим, - гуфт ронанда ва банда беихтиёр худ вориди таксӣ шудам.
Банохост дар нисфи роҳ таксӣ истод ва ронанда аз ман хоҳиш намуд, ки аз дари дар паҳлуям буда халтаи калидҳоро барояш диҳам. Чун даст ба он ҷо бурдам, чизе набуд ва ронанда худаш аз таксӣ берун омада дарро кушод...
Чашм кушода худро дар манзили бегонае дидаам. Аз ҷой бархеста, ба тарафи тиреза давидам то бубинам дар куҷоям. Аз он манзил танҳо замини беохир ба назарам намуд. Сипас ба тарафи дар давидам, вале аз ин амалам ҳамоно пушаймон шудам.
-Чаро?
-Чунки доду фиғони бандаро шунида, аз хонаи шафт марди тануманде берун омад ва бо нигоҳи тезаш қалбамро шикофт.
-Чӣ, ӯ ба шумо маъқул шуд?
-Не, вале ба гумонам ман ба ӯ писанд афтодам.
-Ман ба нигоҳи оташбори вай тоб наоварда, дубора ба тарафи тиреза давидам, ҳарчанд медонистам, ки кушодани он ба гумон аст.
-Чаро?
-Чунки панҷараи оҳанинро ман аллакай дида будам ва ҳатто он лаҳза оҳи сарде аз дили пурдард бароварда. Ин амали манро муҳофизам дида, қоҳ қоҳ хандид. Сипас ӯ ба наздам омада гуфт:
-Ҳозир ба шавҳарат занг мезанӣ ва мегӯӣ, ки туро ба гарав гирифтаанд ва дар таҳхонае нигоҳ медоранд. Ҳамчунин мегӯӣ, ки агар хоҳад туро зинда дарёбад, бояд панҷоҳ ҳазор доллари амрикоӣ тайёр намояд. Ман эътироз намудам, ки шавҳарам ин қадар пулро аз куҷо меёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо