Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он кас гуфтанд, ки “меёбад” боз илова намуд, ки “ту то кунун шавҳаратро нағз нашинохтаӣ.”
-Чӣ хел нағз нашинохтаам?
-Ҳамин хел одӣ, маълум ки то кунун ҳамроҳаш як пуд намакро бо ҳам надидаӣ.
-Мо чор сол боз бо ҳам зиндагӣ дорем, наход шумо гумон кунед, ки ман вайро намешиносам.
-Гапро зиёд накун: - амр дод он мард.
-Телефонамро дар хона фаромӯш намудам.
-Ана телефон гиру гапро зиёд накун! - гӯён муҳофизам телефонеро аз ҷайбаш бароварда ба дастам дод.
-Ман то асли воқеаро нафаҳмам, ки ба кадом хотир маро ба гарав гирифтаед, дигар каломе ба забон нахоҳам овард.
-Чунин байтали эътирозгарро бори аввал мебинам, - гӯён он мард дасташро ба зери манаҳам гузошта, сипас бо ангуштони пурқувваташ аз ду тараф рухсораҳоямро фишурд. Гумон намудам, ки дандонҳоям аз реша чаппа шуданд. Гӯё даст нею бо анбӯри пурқуввате устухонҳои даҳонамро мефишурд. Хостам дасташро газам, вале фишори дасташ он қадар сахт буд, ки дандонҳоямро бо ҳам расонида натавонистам...
Ба назарам чунин намуд, ки аз фишори зиёд чашмонам аз косахонаи сарам бурун омаданд. Вазъи бандаро муҳофиз фаҳмиду ҷоғамро сар дода, амрашро дубора такрор намуд.
Телефонро аз дасташ гирифтаму тугмачаҳояшро зер намудам.
Чун гудоки дароз рафт, ӯ телефонро аз дастам гирифт.
-Гӯш мекунам, - шунидам овози шавҳарамро.
-Як бор ҷасти малахак, ду бор ҷасти малахак, охир ба дасти малахак, - гуфт муҳофизам.
-Шумо кистед?
-Гӯш кун, аблаҳ, ман ҳамон нафаре ҳастам, ки аз рӯи ту шуда, панҷ сол боз ҷои нишастамро намеёбам.
-Нафаҳмидам, - овоз баровард мусоҳиби муҳофизи ман.
-Ба ивази он ҳама бадкирдориҳоят ман имрӯз ҳамсаратро ба гарав гирифтам. Агар ӯро зинда дарёфтан хоҳӣ, то занги навбатии ман панҷоҳ ҳазор тайёр намо.
-Панҷоҳ ҳазор сомонӣ?

пешина
аз 429
навбатӣ