Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Панҷоҳ ҳазор доллар!- аблаҳ гуфт ӯ ва гӯшакро ба ман дод то матлабамро баён намоям...
Ҳамсарам чун овози гирифтаи манро фаҳмид гуфт, ки албатта илоҷе намуда, бандаро аз он варта берун хоҳад овард.
-Ана дидӣ, ки шавҳарат аз ман қарзидор будааст, телефонро аз дастам гирифта бо теғи нигоҳаш вуҷудамро дупора кард муҳофизам. Ба ростӣ, ман худ ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ тавр ба он ҷо афтидам? Ҳа, дарвоқеъ, ман боз саҳнаи истодаи таксиро ба ёд овардам. Ман ба хотир овардам, ки ронанда рӯмолчаи намнокеро ба димоғам наздик бурд...
Нигоҳи муҳофизам он қадар сард буд, ки бандаро ба ҷуз посух гуфтан ба саволаш дигар чорае намонда буд, бинобар ин гуфтам:
-Акнун фаҳмидам.
-Бисёр хуб байталча. Акнун ба ман бигӯ, ки бо қарздор чӣ кор мекунанд? - дигарбора гулӯ рӯшан намуд мусоҳибам.
Ман чӣ ҷавоб доданамро надониста сар ба зер афкандам, вале ӯ дубора дасташро ба зери манаҳам гузошта, сарамро бардошта амр намуд, ки рост ба чашмонаш нигарам. Дар кадом вазъ буданамро ба ёд оварда, нигоҳамро ба чашмонаш дӯхтам.
-Хуш ба қарздор чӣ кор мекунанд?
-Охир на ман, балки шавҳарам аз шумо қарздор аст ё шумо алами Исоро аз Мӯсо гирифтан мехоҳед? Магар ҳамин асту ойини ҷавонмардӣ?
-Хомӯш! - дод зад ӯ ва ман нигоҳамро дубора ба фарш дӯхтам, то мубталои ғазаби ӯ нашавам.
-Ту мефаҳмӣ, ки шавҳари ту бо ман чӣ кард?
-Аз куҷо донам?
-Дониста бош, он чиро ки шавҳари ту дар ҳаққи банда раво
17 дид, муш дар ҳаққи суноч раво намебинад. Аз рӯи ӯ шуда ман ҳамсарамро аз даст додам. Тайи панҷ сол, боз чӣ хеле гуфтам, ҷои нишастамро гум намудам...
-Дар амалҳои шавҳарам ман гунаҳкорам?
-Албатта, агар ман мехостам ӯро кайҳо сари як тир намуда будам, вале аз чунин амал ба ман танҳо зиён мерасад, аз ин рӯ, ман товони зарари хешро ҷуброн кардан мехоҳам, мефаҳмед?
Суноч-Линчаи чармин (лаҳҷа).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо