Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Кар нестам.
-Ту фоҳиша боз маро масхара ҳам мекунӣ? - гӯён ӯ ба бари рӯям як торсакии обдоре фаровард, ки то кунун зарбааш аз ёдам нарафтааст.
-Чӣ гуфтам? - боз пурсид ӯ.
-Гуфтед, ки товони зарари хешро ҷуброн кардан мехоҳед.
-Не, ман гуфтам, ки агар мехостам вай нобакори шавҳаратонро кайҳо сари як тир намуда будам, вале чунин амал товони ҳамаи он зарарҳои ба сари банда омадаро ҷуброн карда наметавонад.
-Рафту шавҳари ман он маблағи гуфтаи шуморо ёфта натавонад, чӣ дар он сурат бандаро ба қатл мерасонед? - пурсидам ман.
-Марги осонро шумо интизор нашавед. Рафту ин дафъа ҳам ӯ маро фиреб диҳад, ман чӣ кор карданамро худам медонам, - гӯён вай ба суҳбат нуқта гузошта, ба тарафи дари баромадгоҳ ҳаракат намуда, дар пушти дар лаҳзае тавоққуф намуда гуфт:
-Беҳтар мебуд, ки орому осуда анҷоми корро интизор мешудед, ман бошам аз пайи корҳои рӯзмарра меравам. Рафту агар гурусна бошед, дар яхдон ҳама чиз ҳаст, парво накунед, ҳеҷ кас шуморо мақсади заҳролуд кардан надорад. Аз ин ҷо бошад, баромадани шумо ба гумон аст, чунки ҳамаи тирезаҳо панҷараи оҳанин доранд, ба замми ин дар ҳам оҳанин аст...
Вале ин ҳам анҷоми кор набуд, чунки баъди баромадани вай ман ба тарафи ошхона рафтам. Аз тирезаи ошхона ман боз ба берун назар намуда, мусоҳиби хешро ҳамроҳи нафаре дар пеши дарвоза дидам. Дурусттар нигоҳ намуда, ба хулосае омадам, ки оне ки бо ман сари суҳбат қарор дошт, ҳамон нафарест, ки дар пеши бозор ба таксӣ нишаст, таксичӣ бошад, тайи ин муддат ӯро дар берун интизор буд...
Аз паси оинаи тиреза ман муддате аз ҳарду чашм накардам ва ба соддагии хеш нафрат хондам. Акнун ба хулосае омадам, ки онҳо ҳар як қадами бандаро ба зери назорат гирифта буданд ва бо он таксии сохтаи хеш корро тавре ба роҳ монданд, ки сайд худаш бе муқобилият пояшро чун кабк ба дом гузорад.
Аз ҳамон паси оинаи тиреза ман дидам, ки мусоҳибам аз дарвоза баромад, вале таксичӣ дар ҳавлӣ монд. Ӯро чӣ фикру андешае дар сар буд, ман намедонистам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо