Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ба ҳар ҳол андешаҳои мухталифе дар майнаам чун боди дайду гирд мегаштанду гирд...
Сари ҳамин масъалаҳо банда болои кат дароз кашидам ва лаҳзае пас хоб ғалаба кард...
Мусоҳиби мо боз муддате сари андеша фурӯ рафт, маълум буд, ки ба ёд овардани давом қисса барояш чандон гуворо нест ва ё аз гуфтани он шарм медорад. Ин буд, ки муфаттиш дубора гулӯ рӯшан намуда, вайро барои давом додани суҳбат ҳидоят намуд.
-Шуморо мефаҳмам, вале шумо ҳам маро бояд фаҳмед, - риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Матлубаи Гурез.
-Шаъну шарафи инсон ҳамеша дар мадди назари мост ва бе муҳобот гуфта метавонем, ки деворҳои ин бино на муш доранд ва на гӯш.
-Охир шумо ҳама он гуфтаҳои бандаро сабт намуда истодаед.
-Ин маънои онро надорад, ки ҳама он сабтро гӯш мекунанд.
Ба замми ин, баҳри дарёфти ҳақиқат нишондоди шумо ҳатмист ва онҳое ки бо парванда шинос мешаванд, дар назди қонун барои ифшо намудани махфияти он ҷавобгаранд.
-Чӣ хеле ки гуфтам, баногоҳ хоб ғалаба кард, вале натиҷаи чунин хоби нобаҳангомро ман хеле баъд фаҳмидам.
-Шуниданаш мумкин.
-Албатта. Баъди аз дарвоза берун шудани муҳофизам ман ба назди яхдон рафтам ва онро кушодам. Дар он аз ҳама анвои хӯрока буд, вале аз нӯшоки чизе набуд. Чун дар пеши чашми банда
18 муҳофизам аз суроҳии обдори дар болои миз буда, ба яке аз пиёлаҳо об рехта, нӯши ҷон намуда буд, банда низ баҳри рафъи ташнаги ҳамон амали вайро такрор намудам...
Ҳарчанд ман бо либосҳоям болои кат дароз кашида будам, вале чун чашм кушодам, худро бо тани урён болои бистари мулоим дар хонаи шафат дидам...
-Маҳз дар чунин шакл аксбардори шудан боиси дар оянда таслим шудани банда ба Мирзои Абдураззоқ шуд.
-Он чӣ расмҳоеро буданд?
-Ман бо тани урён болои бистар дар оғӯши ҳамон ронандаи таксӣ.
Суроҳи-кузачаи шишагин, графин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо